АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

– Ман ҳозир, – гўён Маҳмудов лаҳзае берун баромад ва боз баргашта омада, дар рў ба рўйи директор нишаст. Камолиддинов сабаби ба милиса қадам ранҷа карданашонро шарҳ дод ва ба қавле аз ҳомии тартибот мадад ҷўст.
– Боқиев кай бояд ба Алма Ато парвоз мекард? – пурсид полковник.
– Рўзи якшанбе, соати 16. Ў рўзи аввали симпозиуми байналмиллалӣ, яъне рўзи душанбе бояд маърўза мекард.
Маҳмудов ба фурудгоҳи шаҳрӣ занг зада, худро муаррифӣ намуд ва мақсади хешро иброз дошт.
– Баъди бист дақиқа занг мезанем,– гуфтанд ба ў.
Маҳмудов гўшакро гузошта, хестанӣ буд, ки духтараки резапайкаре рухсат пурсида, чойники чой ва ду пиёларо оварда болои миз назди полковник монд ва рухсат пурсида баромада рафт.
– Ин кас таҷрибаомўз, шогирди мо, муаллим.
– Шогирдро тарбия кардан даркор, то роҳи хешро дар зиндагӣ ёбад , – гуфт Камолидинов.
– Албатта.
Маҳмудов аз ҷой бархоста аз ҷевони дар паҳлўи дар будагӣ чанд лаълича конфет ва меваи хушк гирифта, болои миз гузошта ва ба пиёлае чой рехта пеши меҳмон гузошт.
Онҳо сари пиёлаи чой хело суҳбат карданд. Аз фурудгоҳ занг зада хабар доданд, ки рўзи якшанбе пассажир Боқиев Давлат, ки аз рўйи ҳуҷҷатҳо дар тайёраи ТУ 154 бо хатти сайри Душанбе – Алма Ато парвоз мекард, ба фурудгоҳ наомадааст.
То дақиқаҳои охири парвоз ҷойи ў 14Б нигоҳ дошта шудааст.
– Он кас дар вақти парвоз ҳозир нашудааст, – гуфт Маҳмудов.
– Ман шунидам.
Маҳмудов ба шўъбаи навбатдории раёсат телефон карда, китоби ба қайдгирии ҷиноятҳоро талаб кард.
Сержанти калоне чанд дақиқа пас китобро оварда, ба дасти полковник дод. Маҳмудов китобро кушода ҳодисаҳои дар давоми чанд рўзи охир дар шаҳр рухдодаро аз назар гузаронд.
Дар ин муддат танҳо шахсияти як нафар, ки аз ошёнаҳои баланд афтидааст, муайян карда нашудааст, – гуфт полковник аз китоб сар бардошта.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё