Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Нағз кардед, ман ҳам тамоми кўшишро ба харҷ медиҳам, ки Шумо дар ҳолати ногувор наафтед.
– Ба ҳамин ҳам шукр, – гуфт муфаттиш.
– Дар хона чӣ гапҳои нав? – боз пурсид капитан.
– Ҳама тинҷӣ. Дирўз ба хона рафтам, ки набераам Тўйчӣ давида омад ва медонед чӣ гуфт?
– Аз куҷо донам?
– Гуфт, ки очаам ба наздикӣ бароям як додарак харида медиҳад.
– Шояд ягон лўхтак бошад?
– Эҳ, Акбаршоҳ, ҷудо ҳам содда будаед! Барои писарбача лўхтак чӣ даркор?
– Акнун фаҳмидам.
– Ана, ҳамин хел, худо хоҳаду набераи дуюм таваллуд шавад, ҳамоно ба нафақа баромада, аз паи тарбия мешавам.
– Шумо, ки аз паи тарбия шудед, келин чӣ кор мекунад?
– Барои ў ҳам кор ёфт мешавад, вале тарбияи набераҳоро ман ба дўши худ мегирам. Худораҳматӣ падарам Ғаффорро беҳад дўст медошт ва ҳамеша як суханро такрор мекард.
“Фарзанд – дона, набера – мағзи дона”. Сарамон сафед шуду акнун ба дурустии ин сухан бовар кардам.
– Мо ҳам дуогўй, зудтар Шумо наберадор шаведу ба тўй даъватамон кунед.
– Илоҳо, омин!– бо ханда гуфт Сафарзода ва даст ба рўй кашид.
– Акбаршоҳ аз он хурсанд буд, ки Сабоҳат Абдуллоевна ба келинаш, ки набераи Тешаи Санг аст, дар дил ягон хусумате надорад.
– Рафту агар келин писар таваллуд кунад, чӣ номаш мегузоред?
– Абдулло… Номи бобокалонашро мегузорем ва орзуи Санавбар низ ҳамин аст.
– Номи арзанда! – гуфт капитан ва хайрухўш карда, аз утоқи кории муфаттиш баромад…

... 33 …
Субҳ. Баробари ба кор омадан чашми генерал Ҷобиров ба адъютанташ капитан Маҳмадов бархўрд, ки аз поғундаҳаи ошёнаи сеюм поин мефаромад.

пешина
аз 408
навбатӣ