АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Ҳарду дар даҳлези ошёнаи дуюм салом карданду Ҷобиров пеш – пеш, Маҳмадов аз қафо ба тарафи кабинети генерал рафтанд.
– Чӣ навигариҳо?– пурсид Ҷобиров ба курсӣ нишаста.
– Маҳмадов папкаро кушода, ду коғази дар дохили он бударо хомўшона болои мизи кории генерал гузошт. Генерал айнакашро ба чашм монда, ба мутолиа пардохт:
Ба Шеф.
Ҳамаи корҳо тахт. Омадани меҳмонро дар рўзҳои ҷуфт аз 3030 соати 10 то 10, дар рўзҳои тоқ аз соати 15 то 15дар осорхонаи таърихию кишваршиносӣ интизорам. Номи шаб /парол/ чун пештара монд.
«Мўйсафед».
Ба Шеф.
Бо мўйсафед вохўрдам. Аз рўйи вазъият минбаъд истифода бурдани алфавит ва намуди алоқаи ў ғайри имкон аст. Барои аз байн бурдани изҳо ба таври истисно аз ҳуқуқи худ истифода бурдам. Ҳамроҳи «Роҳсоз» ба иҷрои амалиёт пардохтем. Алоқа аз рўйи варианти дуюм.
«Уқоб»
– О, лаънатие, номашро бин, Уқоб! Мебинем, ки ту чӣ хел уқобӣ?– гўён генерал коғазҳоро ба як гўшаи миз гузошта, аз адъютанташ хоҳиш кард, ки Сиддиқиро ҷеғ занад…
– Мумкин?
– Марҳамат, дароед.
– Рафиқ генерал, полковник Сиддиқӣ бо амри Шумо ҳозир!. .
– Шинед.
Сиддиқӣ ба курсӣ нишаст ва мунтазири фармон шуд.
Ҷобиров қоғазҳои болои мизро ба дасти полковник дода гуфт:
– Ба завод рафта, барои иҷроиши ин лаънатиҳо (генерал ба коғазҳои болои миз ишора кард) ёрӣ диҳед. Бигузор шефашон хурсандӣ кунад, ин шўълаи охирини ўст, тавре чароғ пеш аз мурданаш равшантар мешавад… Ҳар як қадами устои таъмиргоҳро ба зери назорат гиред. Аз мўйсафед чанд рўз боз хабаре нест, ўро аз таги замин ҳам бошад, пайдо кунед.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо