АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Маҳмуд тамоми ҳушу хаёлаш ба қулф банд буд ва ў табиби ҳозиқеро ҳангоми ҷарроҳӣ ба ёд меовард. Ҳатто нафаскашиашро Аббос намешунид.
Ва ниҳоят қулф дуюмбора садо дод. Аббос, ки дар ҳолати омодагӣ дастакро медошт, онро ба тарафи рост тоб дод. Дастак тоб хўрд. Аббос онро ба сўи худ кашид ва дари вазнини сейф кушода шуд.
Хурсандии ҳардуро интиҳо набуд. Дар рўшноии чароғак онҳо лаҳзае ба дохили сейфи оҳанин нигаристанд.
Пулҳо баста – баста аз рўйи купюрҳояшон болои ҳам мехобиданд. Маҳмуд аз ҷайбаш сумкачаи майдаеро бароварда зиреҳҳояшро кушод ва он ба халтаи калоне табдил ёфт. Сипас ў аз қисми боло, ки купюрҳои калон буданд бастаҳоро гирифта ба сумкааш чидан гирифт.
– Маҳмудҷон, ҳиссаи маро ана ба ин линча андозед, – гуфт Аббос.
– Чӣ гумон мекунед, ки ман шуморо фиреб мекунам?
– Ҳаргиз чунин фикр ба сарам наомадааст.
– Пас чунин шитобкорӣ аз баҳри чист?
– Ба ҳар ҳол мувофиқи ваъдаи пешакӣ мо бояд онҳоро ду қисм намоем.
– Фақат ин ҷо не, майлаш шумо пулҳоро бо худ баред, ман ба шумо бовар мекунам, – гуфт Маҳмуд.
Дили Аббос каме ором шуд ва ҳарду тамоми пулҳои дохили сейфро ба сумкаи сиёҳ андохтанд ва онро Аббос ба даст гирифту ҳарду аз бинои шўъбаи алоқа берун шуданд.
Борони барфолуд меборид. Аббос то пеши асп сумкаро бардошта бурд. Дар ин байн Маҳмуд ҳам ду бор ўро пурсид, ки оё монда нашудааст ва чун ҷавоби инкор гирифт, ўро ба ҳоли худ гузошт.
– Чароғ пеш аз мурданаш равшантар мешавад, бигузор пеш аз марг ширинии пулро ҳис кунад, – аз дил гузаронд Маҳмуд.
Онҳо ба назди асп расиданд ва ҳарду ҳам савор шуданд.
Аббос дар зин ва Маҳмуд дар қафояш. Сумкаро Аббос дар пешаш гирифт. Чун ба наздикии мошин расиданд, Маҳмуд бо оҳани дар бағалаш буда, бо тамоми қувва ба сари Аббос зад ва лаҷоми аспро дошта худро ба поён партофт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо