Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

”(Чумчаи урфӣ)1 Чи суханони хубе, вале аз назари меҳмононе, ки як рўз омаданду тамошо карданду диданду рафтанд...

– Чароғро даргиронам, – пурсид Аббос.
– Чӣ, девона шудӣ магар?
– Охир аз ин ҷо танҳо фурудгоҳ менамояд, ки он ҷо ҳам қаровул нест, – худро сафед карданӣ шуда гуфт Аббос.
– Эҳтиёт ними ҳаёт.
– Мефаҳмам, Маҳмудҷон, лекин нигоҳдоранда худи Парвардигор аст.
Маҳмудро ханда гирифт, ҳарчанд дар торикӣ Аббос чеҳраи ўро надид, вале ҳис кард, ки ханда чеҳраи бе ин ҳам безеби Маҳмудро боз ҳам безебтар намудааст. Аббос на як бору ду бор хандаи Маҳмудро дида ғашаш омада буд. Ва шукри онро кард, ки ин дафъа дар торикӣ ин чеҳраи бенурро надид...
– Хайр нишон деҳ, ки пулҳо дар кадом сейф?
– Дар ҳамон сейфи калоне, ки дар кунҷ истодааст. Ба хаёлам, ки на камтар аз як тонна вазн дорад, – гуфт Маҳмуд ва баъд чароғаки кисагиро равшан карда, сейфро аз назар гузаронд. Аз кисааш чанд калидро бароварда, яке аз онҳоро ба сўрохии қулф андохт.
– Ана чароғакро гиру танҳо ҳамин сўрохиро рўшан кун.
Аббос аз рўйи гуфти ў амал кард. Маҳмуд ба ғайр аз калид боз ба қулфи сейф симеро андохта машғули кор шуд.
Аббос акнун бовар ҳосил кард, ки дар ҳақиқат Маҳмуд мутахассиси дараҷаи олӣ будааст. Ва нисбат ба он суханоне, ки дар бораи Маҳмуд шунида буд, дигар шаку шубҳа надошт.
Ниҳоят садои беҷошавии қулф шунида шуд...
– Чароғакро бо дасти чап гирифта, бо дасти ростат дастаки сейфро тоб деҳ, – амр кард “усто”. Аббос амри ўро ба ҷо овард, вале дастаки дари сейф тоб нахўрд.
– Дастак тоб намехўрад, – бо як оҳанги маҳзуне гуфт Аббос.
– Бояд тоб хўрад. Онро дар ҳолати омодагӣ нигоҳ дор, баробари шунидани садои дуюм онро тоб деҳ, – гуфт Маҳмуд.

пешина
аз 408
навбатӣ