АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

– Ҳамааш баҷо, шеф.
– Хайр биё, рафтем.
Маҳмуд сумкаро бардошта пеши мошини шеф оварда хост савор шавад.
– Ягон чизро фаромўш накардаӣ?
– Не.
– Изи дастонатро аз чанбараки рул тоза кардӣ?
– Инаш ба ёдам наомадааст, шеф.
– Дидӣ, чунин корҳои майда – ҷуйда сари чандин ҷавонмардонро ба бод додааст.
Маҳмуд дастрўймолчаашро аз киса бароварда ба сўи «Жигули» рафт ва ба тоза кардани чанбараки рул пардохт...
Садои тир хомўшии субҳи содиқро халалдор кард. Маҳмуд оҳ гуфта ба дохили мошин афтид. Ронандаи «Газ–24» кисаҳояшро кофта, ба ғайр аз калидҳо дигар ҳамаи он чӣ ки дарёфт бо худ гирифт ва баъди лаҳзае бо суръати баланд ҷойи ҳодисаро тарк кард...
– Ба ту чӣ шуд, ҷонакам?
– Дадоямро мегўям.
– Хоб кун, дадоят саҳар меояд.
– Хобам намебарад.
– Биё, ҳардуямон хоб меравем, – гуфт модар ва чароғро хомўш карда Умедаро ба оғўш гирифт. Лаҳзае пас Умедаро боз хоб бурд ва модар аз паҳлўяш хеста берун баромад.
Субҳ медамид. Заррина аз дарвоза берун баромад ва хост самти ҳаракати аспро муайян созад, вале ончунон барф борида буд, ки аз пайи асп ҳатто ному нишоне намонда буд.
– Ана, ёбу гир, – аз дил гузаронид зан ва гашта ба ҳавлӣ даромад.
Барф беист меборид. Заррина мақоли халқии “ҷумъа борад шанбе монад, шанбе борад кай мемонад?”– ро ба ёд оварда дили бе ин ҳам ҳазинаш боз ҳам ҳазинтар гашт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор