Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳарчанд дар тирамоҳ марди деҳқон серкор аст, вале дар ин субҳи якшанбе касе ба коре шитоб надошт. Барфи шабона борида кори марди деҳқонро боз як ҳафта ба қафо партофт.
Аскар низ ин саҳар ба сари замин набаромад. Ҳамсараш говро дўшида ба хона даромада буд, ки садои ҳуштаки писарчаи ҳамсоя баланд шуд. Собитҷон писарбачаи даҳсолаи Аскар ҳуштаки ҷурааш Саидиброҳимро шинохт магар, ки ба берун давида баромад.
– Ҳа, Саидиброҳим, тенҷ– мӣ?– пурсид Собитҷон.
– Тенҷӣ, тенҷӣ. Зоғча2 бастагӣ?
– Ҳа, бастагӣ.
– Набошад, меҳмонро қабул кунед.
Аскар ба пешвози меҳмон баромада истода, дар остона Зарринаро дид ва ўро ба хона таклиф кард.
– Шамоли куҷоҳо партофт шуморо? Аббосу Умеда чи хеланд?– пурсид Аскар.
Заррина бовари пурра ҳосил кард, ки Аббос дишаб ба ин хонадон наомада будааст ва ҳодисаи дишабаро нақл кард.
– Пас ў ба куҷо рафта бошад?
– Надонам, – китф ба ҳам кашида гуфт Заррина.
– Хайр ором шавед, янга, дар куҷо ки бошад, ман ўро ёфта меорам. Дар масъалаи омадани асп бошад хавотир нашавед, шояд аспро дуруст набастааст, – Зарринаро ором карданӣ шуд соҳибхона.
Ҳамсари Аскар дастурхон густурда, як коса шири гармро назди меҳмон гузошт. Ба нею нестони меҳмон нигоҳ накарда, зану шавҳар ўро маҷбур карданд, ки ақалан ҳамин шири гармро нўшад.
Аскар Зарринаро гусел карда, аспашро зин зад ва аз ҳавлиаш баромад. Дар пеши дарвоза андаке истода, ниҳоят роҳи маркази совети қишлоқро пеш гирифт. Аз пеш андаке ҳаво кушода шуд. Аскар аз паҳлуи деҳаи Камонгарон гузашта, ҷилави аспро ба тарафи рост гардонд. Аз дур ба чашмаш он сафедори пири байни деҳа бархўрд. То марказ аспсавор боз ним соат роҳ буд. Нохост асп истод. Аскар дурустар зеҳн монда дар паҳлўи роҳ барфтудаеро дид. Аз зери он пораи либосе ба чашм мерасид.

пешина
аз 408
навбатӣ