АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

– Не, дар ҷойи ҳодиса ман ва муфаттиши прокурор Қурбонзода якҷоя будем, дар ҳақиқат ҳамон хел татутировка дошт.
– Ман ҳеҷ намефаҳмам, ки чӣ тавр Боқиев дар он маҳал пайдо шудааст.
–Дар атрофи он хона мо кор карда истодаем, вале то ҳанўз натиҷаи дилхоҳе ба даст наомадааст.
– Шояд барои пул?...
– Не, ба ғайр аз чанд сомонӣ дигар ягон чиз дар ҷайбаш набуд.
– Куртаи сафеди остинкалта, шим ва туфлии сиёҳ дошт.
– Мо ба ҳамаи ноҳияҳои ҷумҳурӣ хабарнома фиристодем ва ин субҳ аз баъзе онҳо ҷавоб ҳам гирифтем. Ба фикрам қисме аз ҳамкорони мо барои ҳар чӣ тезтар аз гардани хеш соқит намудани ҷавобгарӣ ба хабарномаҳо ҷавобҳои рўякӣ навиштаанд.
– Хуб шудааст, рафиқ полковник, баъди як соат муфаттиши прокуратура Қурбонзода ҳамроҳи корманди бахши кофтукови ҷиноятии шўъбаи мо ҳамон ҷо мешаванд.
– Ташаккури зиёд, ки занг задед…
Сардор гўшакро болои телефон гузошта, ба тарафи мусоҳибонаш нигариста гуфт:
– Субҳи имрўз аз номи раёсати Симпозиуми байналмилалӣ дар шаҳри Алма Ато ба номи Академияи илмҳои Тоҷикистон, ки намояндаашон бояд он ҷо баромад мекардааст, телеграмма омадааст, ки чаро он кас наомадаанд. Ба роҳбарияти Академия муяссар гаштааст фаҳманд, он кас рўзи якшанбе ба Алма Ато нарафтааст. Аз фурудгоҳ хабар доданд, шахсе милиса меҷўяд, ҳамон рўзи парвоз ба фурудгоҳ наомадааст. Сипас, Маҳмудов аз рўйи китоби қайди ҷиноятҳо муайян намудааст, ки дар шаҳр ҳанўз шахсияти як нафар муайян карда нашудааст.
Аз ин рў дигар корҳоро каме ҳам бошад маъқуф гузоред ва Қурбонзодаро ёфта якҷоя ба экспертиза равед.
– Фаҳмо! Фаҳмо! – гўён Сендеров ва Сорбони Ҳомид аз ҷой бархостанд…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё