Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Оқил Нуров ба Света оқибат чунон ҷафс шуд, ки гармии бадани духтарро бараъло ҳис кард...
– Ман ба Шумо оқибат Валс7 – ро нишон медиҳам,– хандида гуфт Света.
– Не, ҷони ширин, ман ҳатто дар давраи донишҷўӣ Валсро ёд нагирифтам, чӣ хел акнун онро ёд мегирам?
– Ёд мегиред, ана, мебинем,– бо як бовари томе гуфт духтар.
Оқил Нуров ки саропо мафтуни ҳусну чамоли духтар шуда буд, ба андеша фурў рафт... Ў дарк кард, ки дар мудати як моҳи охир тамоман хаста шудааст. Пули бисёр ҳам ба ў хушбахтӣ наовард ва имрўз, ки ин маҳҷабин назари марҳаматашро сўйи ў гардондааст, чаро бахташро пеши по занад...

Тарсидани мо чунки ҳам аз бими бало буд.
Акнун зи чи тарсем, ки дар айни балоем.

Ин мисраҳоро бори аввал ҳангоми аз парашут ба замин ҷаҳидан аз ёд карда буд ва аз чӣ бошад, ки боз онро ба хотир овард...
– Акнун бевақт шуд, рафтанам даркор.
– Биё, ба хонаи ман равем, гуфтам–ку ман дар хона танҳо.
– Бори дигар Оқилҷон, ҳоло бошад холаам ташвиш мешавад.
– Пас Валс чӣ мешавад?
Ту фикр мекунӣ, ки занҳо дар суханашон устувор нестанд?
Гуфтам– ку то Валсро ба ту ёд надиҳам аз Душанбе намеравам.
Дар тамоми рўз духтар бори аввал ту гуфта муроҷиат кард.
Оқил Нурович инро як фоли нек пиндошт магар, ки аз лабони нозуки духтар бўса ситонид. Ба назараш намуд, ки тамоми нишастагон ба онҳо нигаристанд. Духтар чизе нагуфт. Хомўшӣ аломати ризост гуфтаги барин Оқил Нуровро боз ҳам далертар кард ва ин даъфа ў худаш Светаро ба рақс таклиф кард.
Онҳо боз хело рақс намуданд... Чун аз ресторан баромаданд рўз бегоҳ шуд. Света аз оринҷи Оқил Нурович гирифта, худро ба ў ҷафстар намуд ва хело дар кўча чарх заданд.

пешина
аз 408
навбатӣ