АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Ниҳоят, Оқил Нурович духтарро барои ба хонааш бурдан розӣ кунонд.
Автомашинаро дар гараж монда, ба хона омаданд. Сафияхола, ки дар берун меистод ба Оқил Нурович салом дода, духтараки ҳамроҳ овардаашро дида пурсид.
– Ҳа, ҳамсоя, ин кӣ?
– Як ҳамкорам,– дурўғ гуфт ў.
Онҳо ба ошёнаи сеюм баромаданд. Соҳибхона даро кушода меҳмонро ба даромадан таклиф кард. Чун вориди хона шуданд соҳибхона гўшаки радиоро тоб дод. Хайруллоҳи Иброҳим8 аз абёти классикон порчаҳо қироат мекард...
Баланд афтодани мижгон балоангез мебошад.
Баёзи дида гар гулгун бувад, хунрез мебошад...
Аз чӣ бошад, ки ин суханони диктор ўро мушавваш кард.
Рафту ин ҳамон занест, ки худро дўсти Худойназаров гуфта муаррифӣ карда буд, вале соате пас хом будани ин фикраш маълум шуд, чунки Зина худаш телефон карда, барои онрўз ба вохўрӣ наомаданаш узр хост ва вохўрии таъҷилиро талаб кард.
– Ман ҳозир рафта наметавонам, дар хона меҳмон дорам...
Ниҳоят ў телефонро гирифта ба ошхона гузашт ва баъди чанд дақиқа бо димоғи сухта ба хона даромад. Аз таъби лаҳзае пеш болидаи ў нишоне намонда буд.
– Тенҷӣ– мӣ? пурсид меҳмон.
– Тенҷӣ, тенҷӣ, – базўр худро ба даст гирифта гуфт соҳибхона, – аз ҷойи кор телефон карда, ҳатман ба кор баромаданамро талаб карданд, хайрият ба онҳо фаҳмонда додам, ки дигар касро ҷўянд, чунки ман меҳмон дорам...
– Хайр, ҳамааш ба некӣ анҷомида бошад, чи хубе, биё ба ин муносибат боз панҷтогӣ бардорем.
Онҳо қадаҳоро ба ҳам зада нўшиданд. Ба ҷойи газак Света ба соҳибхона бўсае тақдим кард. Боз чӣ кадар қадаҳҳо бардошта шуданд. Меҳмон медид, ки дар ҳақиқат соҳибхона мушавваш аст. Ҳарчанд руҳшинос набуд, ба хубӣ дарк кард, ки занги телефоне, ки бо маслиҳати пешакӣ Зина ба Оқил Нурович кард, дар чеҳраи ў тарсу ҳарос боқӣ гузошт... Пас маълум мешавад, ки гунаҳкор аст, вагарна ин парешонхотирӣ аз баҳри чист?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор