Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ман ҳамон тараф рафта истодаам. Марҳамат шинед.
Духтарак аз пеши автмашина гузашта, паҳлуи ронанда ҷойи гирифт ва худро муаррифӣ кард:
– Светлана.
Оқил Нурович ба синну соли рафтаи худ нигоҳ накарда, дар “ин ҷода” таҷрибаи дурусте надошт ва намедонист, ки дар чунин лаҳзаҳо номро танҳо гуфтан беҳтар аст ё ному насабро, охир духтарак дар сину сол баробари духтараш Фирўза буд...
– Оқил Нурович, – баъди лаҳзае гуфт ронанда ва ба духтарак даст дод.
– Бисёр номи хуб.
То назди бинои Почтаи марказӣ онҳо ба ҳамдигар шинос шуданд. Ронанда фаҳмид, ки Светлана ҳамаги чанд рўз пеш ба Душанбе меҳмонӣ омадааст ва ҳатто билети самолётро духтарак аз сумкачааш бароварда ба ў нишон дод...
– Ман имрўз баъди анҷоми баст, – гуфт ронанда, – агар зид набошед шаҳрро ба шумо нишон медиҳам.
– Хеле мамнун мешудам, – гуфт духтарак.
Мошинаро дар паҳлуи роҳ монда, ҳарду вориди бинои Почтаи марказӣ шуданд. Оқил Нуров аз 300 – сўме, ки имрўз аз пулҳои ба қавли худаш аз ғайб омада барои Гулмаҳмад гирифта буд, дусад сўмашро ба шаҳри Тошканд фиристода, боқимонда сад сўмашро барои меҳмондории Светлана баргардонда ба киссааш монд.
Ў аз назди токчаи касса ба пеши Света, ки дар болои курсие нишаста машгули рўзномахони буд баргашт ва ҳарду берун баромаданд.
– Хўш, тамошоро аз куҷо сар кунем?
– Надонам, китф ба ҳам кашид духтарак.
– Хайр, биё шин, илоҷашро меёбем.
Онҳо то нисфирўзӣ боғи марказӣ, музейи этнографӣ ва мағозаи китобро ки дар хиёбони марказӣ воқеъ буд тамошо намуданд.
Дар ин асно онҳо аз кору бор аз зиндагии якдигар бохабар шуданд. Света дар ҳақиқат духтари дидадаро буд. Дар ресторани «Душанбе» баъди каме нўшидан ба нею нестони Оқил Нуров нигоҳ накарда ўро ба рақс намудан маҷбур сохт. Аз баски Оқил Нуров нанўшид рақс барояш душвор гашт. Вале Света дар зери ҳавои мусики Танго6 даст ба китфони Оқил Нуров гузошта ўро маҷбур сохт ки аз миёни нозукаш дошта истад ва ҳарду оҳиста– оҳиста ба чархзадан даромаданд.

пешина
аз 408
навбатӣ