Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Света бо як тир ду нишон зад: аввал ҳамаи фикрҳои баде ки Оқил Нурович нисбат ба ў дошт аз байн рафтанд, чунки тамоми рўз ў ҳамроҳи Оқил Нурович буд ва ба ягон ҷо занг назад ва ба ин восита шубҳаро аз худ дур кард. Дуюм фаҳмид, ки аз телефон намудани Зина соҳибхона тарсид...
– Мебинам, ки дар зиндагӣ камбудие надоред, пас чаро хонадор нашудед? – пурсид меҳмон

Хубони ин замона назар сўйи зар кунанд,
Бар ошиқе ки зар набувад, кай назар кунанд?– гуфт соҳибхона.
– Эй ман қойл ба Шумо. Пас ин хонаи калон ва он «ГАЗ –
24» – и ялақосӣ аз Шумо нестанд?
Аз ин таърифи меҳмон руҳи ў андаке болида шуд ва боз ба қадаҳо май рехт.
– Ман дигар наменушам,– гуфт меҳмон, ба фикрам аллакай маст шудам.
– Ин охиронаш, – гуфт соҳибхона.
– Не, наметавонам.
Оқил Нурович ҳарду қадаҳро пайи ҳам ба гулу рехт...
Соҳибхонаю меҳмон шабро дар оғўши якдигар гузарониданд ва Оқил Нурович он шаб тамоми ташвишҳои рўзгорро аз сар дур кард...

Тайи чанд рўзи охир тамоми ҳаракатҳои собиқ ҳавопаймо зери назорат гирифта шуда буданд ва Қосимӣ ин субҳ гузориши Сорбони Ҳомидро ки сарвари ҳамин гурўҳро ба ўҳда дошт хонда, лейтенанти калонро ба наздаш хонд.
– Ба фикрам санксияи гирифтаамон барабас нарафт, – гуфт Дастам Қосимӣ баробари вориди утоки кориаш шудани Сорбони Ҳомид.
Ҳамин хел рафик подполковник. Телефони дишаба шаҳодати ин аст. Зане, ки дишаб ба Нуров телефон кард, ду сол пештар ҳамсари Худойназаров буд.
– Наход?
– Ман инашро алакай муайян кардам ва мебинам, ки ин ҷо алоқамандие ҳаст.

пешина
аз 408
навбатӣ