АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

– Пас он зане, ки дирўз ва имшаб ҳамроҳи ў буд кист?
– То ҳанўз имконияти муайян кардани шахсияти ўро наёфтем. Субҳи дирўз ба автомашинаи Нуров нишаст. Мумкин ягон зани сабукпой бошад, ки дигар аз Нуров ҷудо нашуд. Дар ресторани «Душанбе» хело нўшидааст.
– Пас чаро бо баҳонаи мастӣ Нуровро дастгир накардед?
– Аввалан ин ки худи Нуров нанўшидааст, дуюм агар мо ўро дастгир мекардем, ин гуфтугўйи телефонӣ, ки муҳитарин аз ҳама гуна дастгир кунист, баргузор намегардид.
– Супориш диҳед, ки бачаҳо назоратро аз болои ҳавонавард пурзуртар намоянд ва илоҷе карда, шахсияти он занро муайян созед.
– Рафиқ подполковник, барои муайян намудани шахсияти зани ҳамроҳи Нуров буда қувваи иловагӣ лозим.
– Аз ду нафар зиёд дода наметавонам ва гўшакро бардошта ба командири взвод Маҳмадов занг зад: – Рафиқ Маҳмадов ба ихтиёри Сорбони Ҳомид боз ду нафар милисионер диҳед.
– Инашро ман намедонам, агар милисионер наёбед худатон ба ихтиёри лейтенанти калон гузаред,– гўён Қосимӣ гўшакро ба ҷояш гузошт. Акнун аз пайи кор шавед, баробари пайдо шудани дигаргуние дар рафти амалёт ба ман ҳатман занг занед.
– Рухсат диҳед равам.
– Барори кор мехоҳам,– гуфт Қосимӣ.
– Инро имрўз бурда ба дасти Ғозиев диҳед,– гуфт прокурор ба котибааш ва ҳуҷҷатҳои азназаргузаронидаашро ба ҷузъгир гузошта, ба дасти Хубон дод.
Хубон ҷузъгирро гирифта, ба котибот омад ва мактуби нишондодаи прокурорро ки аз Маскав омада буд, ба як гўшаи мизи кориаш алоҳида монд. Пас аз анҷоми кор сари қадам ба бозор даромада нону меваҷот гирифта, ба беморхона омад.
Чун вориди палата шуд, Муҳаббатшоҳро болои кат дароз кашида китоб дар даст дид.
– Эҳа, кӣ омад? – гуён муфаттиш ба истиқболи Хубон болои кат нимхез шуд.
– Илтимос худатонро азоб надиҳед, – гуфт Хубон халтаи дар дасташ бударо болои мизи хурокхурӣ гузошта, бо ў салом кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор