Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Муҳаббатшоҳ фотиҳаи дурударозе хонда, пас аз он, ки шифои ранҷўрон гуфт боз идома дода: “илоҳо дуои мани беморро қабул гардону ба ин духтари зебо, як шавҳари хуб насиб гардон: – гуфта даст ба рўй кашид.
Хубон ҳам омин гуфт ва ҳис кард, ки рухсораҳояш аз шарм оташ гирифтанд.
– Хайрият дар палата каси дигар набуд, вагарна чи гумон мекард? – гуфт Хубон норозиёна.
– Ҳеч гумон намекард, – гуфт бемор, пойдории дунё дар ҳамин аст.
– Хайр, акои Муҳаббатшоҳ, беҳтар шудаед?
– Худоро шукр, имрўз дар пайи қадаматон китобро ба даст гирифтам. Духтур мегўяд, ки бояд ором бошам, вагарна фишори хунам боз баланд шуданаш мумкин.
– Ба гапи духтур гўш кардан даркор, ака.
– Чӣ шумо ҳам пеш аз марг маро ба он дуньё фиристоданиед?
– Аз даҳонатон шамол барад, ин хел нагўед, ака.
– Шарофати китоб аст, ки имрўз худамро беҳтар ҳис намудам, вагарна дар ин ҷо аз зиқӣ фишори хун он тараф истад, одам торс кафиданаш мумкин.
– Ҳа, қариб фаромўш карда будам, – гуён Хубон сумкачаашро ки болои зонуҳояш дошта меистод кушода, мактуберо ба дасти бемор дод.
Аз дохили конверти ки аллакай кушодагӣ буд, ў варақи чорқатшудаеро бароварда, ба хондан сар кард:

Ҷумҳури Тоҷикистон,
ноҳияи Сарчашма,
прокуратура
ба муфаттиш Ғозиев М.

Бахши дактилоскопии шуъбаи таъҷилӣ – криминалистии ВКД қарори Шуморо аз 19 ноябри соли 199... санҷида баромад.
Нақши ангуштоне, ки барои муқоиса ба ихтиёри мо фиристодаед дар бойгонии мо аз соли 1988 инҷониб нигоҳ дошта мешавад. Нақши мазкурро 14 – январи соли 1988 дар шаҳри Нижни Тагил шахси номаълум дар оҳани якметраи ба лом

пешина
аз 408
навбатӣ