АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

монанд дар ҷойи куштори милисионери қаторӣ Андрюшенко
Сергей Павлович боқӣ гузоштааст...
Мепурсем, ки дар ин бора ба прокуратураи Нижни Тагил хабар диҳед.
Сардори бахш майори милиса Орлов Д. Р.
– Хубон, ҷони ака, хоҳиш мекунам ба назди ман лейтенанти калони милиса Сорбони Ҳомидро ҳатман ёфта фирист, ду рўз боз ўро надидаам, – гуфт Муҳаббатшоҳ.
Вале Хубон на он рўз ва на рўзи дигар Сорбони Ҳомидро ёфта натавонист. Дар милиса гуфтанд, ки аз пайи иҷрои кадом супорише рафтааст, вале кай бармегардад маълум нест. Хубон рўзи дигараш ҳам баъди кор ба беморхона омада аз натиҷаи ҷустуҷўйҳояш ба Муҳаббатшоҳ хабар дод...
Муҳаббатшоҳ ҳис кард, ки тағироти ҷиддие дар рафти тафтишот ба амал омадааст, вагарна Сорбон ҳар рўз ўро хабар мегирифт. Пагоҳ ягон илоҷ карда аз ин “зиндон” баромадан даркор вагарна аз ин “табаддулотҳо” бохабар шудан душвор...
Субҳи рўзи дигар оқибат ў духтурро бовар кунонд, ки фишори хунаш муътадил шудааст ва минбаъд дар беморхона истоданаш ба ғайри аз зарар фоидае нахоҳад овард. Духтури муолиҷавиаш Низомӣ ўро назди сардухтар Ҷўразода бурд.
Ҷўразода талошҳои Муҳаббатшоҳро барои кор дида, бар хилофи ҳама гуна қоида, ўро ҷавоб дод ва пас рафтанаш ба Низомӣ гуфт, ки танҳо кор фишори хуни чунин шахсонро паст мекунад.
Субҳ Света ба пеши бистари Оқил каҳва овард ва сипас ўро аз хоб бедор кард. Ҳарчанд ин одати ғарбиён ба ў маъқул набуд ба хотири иззати меҳмон, ки худро дар нақши соҳибхона дароварда буд, пиёлаи қаҳваро бо дасту рўйи ношуста нўшид ва ба Света барои меҳрубонияш ташаккур гуфт. Сипас, хеста дастурўй шуст, риш тарошида ва ҳамроҳи Света берун баромад. Чун ба ошёнаи якум расиданд чизе ба ёдаш расидагӣ барин боло баромада ва лаҳзае пас омада ба таҳхона фаромад.
Света дид, ки ў ба кадом таҳхона даромад ва худро нодида вонамуд карда, бепарвоёна берун баромад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор