АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Соҳибхона баъди ду се дақиқа аз таҳхона баромада дарро қулф карда, калидро ба киса андохт. Аз дур ҳам бошад Света ин манзареро дид. Дар водопроводи пеши хона дастонашро шуста назди Света омада гуфт:
– Барои автомашинаи як рафиқам карбюратор ваъда карда будам, вале намедонам онро дар куҷо монда бошам.
– Шояд дар гараж бошад, – сухани соҳибхонаро тақвият дода гуфт меҳмон.
– Не, он чо ҳам нест.
Онҳо якҷоя рафта автомашинаро бароварданд ва ба тамошои шаҳр рафтанд. Хуроки нисфирўзиро дар каҳвахонаи “Зафар” хурда, аз баландтарин теппаи боғи Ғалаба шаҳрро тамошо карданд. Азбаски дар ин мавсими хазанрез боғ дилкаш набуд, баъди андаке тамошо пас гаштанд. Света боз хоҳиши ба хонаи холааш рафтан кард, вале Оқил гуфт ки пагоҳ пеш аз кор рафтанам, туро ба хонаи холаат мебарам...
Шом ҳарду дар таксие нишаста ба ресторани “Тоҷикистон” омаданд, чунон нўшиданд, ки ҳатто Валс ҳам ба хотирашон наомад. Посе аз шаб гузашта буд, ки таксиеро маън карда то хона омаданд.
– Ҳамин ҷо боздоред, – гуфт Оқил ва бо ронанда ҳисоби кардани шуд. Аз ин лаҳзаи муносиб истифода бурда Света калиди таҳхонаро ки аз ҷайби ў аллакай дуздида буд, байни гулҳои лаби роҳ партофт.
Чун Оқил фаромад духтар аз оринҷаш дошта, гирду атрофро аз назар гузаронд ва то гардиши тарафи хонаи Нуров қадамҳояшро ҳисоб кард.
– Чаро мо дар ресторан рақс накардем?– баробари ба хона даромадан пурсид Оқил .
– Бо чунин мастӣ чи хел рақс мекардем? Хайрият дар роҳ ягон милиса моро надид, вагарна шабро дар ҳушёрхона мегузарондем.
– Ба ту милиса маъқул ҳаст?
– Росташро гўям, не!
– Ба ман ҳам, – гуфт соҳибхона ва таклиф кард, ки барои ин ҳамфикри нўшидан лозим.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор