Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Не, дигар наменўшем, беҳтараш истироҳат мекунем, – гўён Света либосҳояшро кашида, худро болои бистар партофт.
Оқил дар рушноии чароғ аз бадани зебои Света чашм канда наметавонист.
– Чаро чун дарахт рост истодаӣ?
Оқил ҳарфе нагуфта, чароғро хомўш карду худро паҳлуи Света партофт...
Субҳ Светаро то пеши хонаи холааш оварда, гуфт ки фардо соати нўҳ ўро аз ҳамин ҷо омада мебарад ва худ фурудгоҳ рафт.
Чун автомашина аз назар пинҳон шуд, Света ба автобусе савор шуда ба қафо баргашт ва аз байни гулҳои сари роҳ бо азобе калидоро ёфта, ба сумкачааш андохт ва роҳи хонаи апаашро пеш гирифт.
Баъди ним соат ў дар бораи вохўриаш бо Нуров ба апааш ҳисобот дод. Пас аз бист дақиқаи ба хонаи Чередниченко даромадани зани ношинос, ки хона таҳти назорати шабонарўзии милиса қарор дошт, Сорбони Ҳомид ба Қосимӣ занг зада аз рафти воқеа сардорро огоҳ сохт...

Прокурори ноҳия Зиёев дар даромадгоҳи идора бо Муҳаббатшоҳ рў ба рў шуд.
– Бисёр хуб, ки омадед вагарна худи ҳозир худам ба беморхона рафтани будам, – гуфт прокурор.
Ҳарду ба ошёнаи дуюм баромада вориди утоки кории прокурор шуданд.
– Хўш, саломатиатон чӣ тавр? Дар хона ҳама нағзанд?
– Шукри Худо, ҳамааш нағз.
– Хулосаи ташхиси дактилоскопиро хондед?
– Бале, Хубон ба беморхона оварда буд.
– Маълум мешавад, ки Худойназаров ҳанўз аз давраи хизмат дар армия ба роҳи каҷ қадам мондааст?
– Ба фикрам ҳамин хел аст.
Худойназаров ки худи аскари қушунҳои дохилӣ буд ва аз ҳаёту зиндагии маҳбусон нағз ошноӣ дошт, сабақи нек нагирифт ва ҳатто дар ҳамон ҷо хуни шахси бегуноҳеро рехт ва ба мақсаду ниятҳои нопок тапончаашро ба даст оварда оқибат худ қурбони ҳамин яроқ гашт.

пешина
аз 408
навбатӣ