Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Фикри бад не, – гуфт Камоллидинов ва ҳарду аз мошин берун шуданд.
Камолиддинов бо марди миёнсоле, ки аз подъезди хона берун омад, вохўрда, хеле суҳбат кард. Он мард Намоз ном дошт.
– Зиндагӣ ҳамин аст муаллим ва ҳамсари Давлат – ако ҳам Шуморо мефаҳмад. Агар зид набошед, худам ҳамроҳатон меравам.
– Гапатон – ку рост, вале ягон илоҷ карда он касро аввал ба экспертиза бурдан лозим ва беҳтар мешуд, ки ягон кас аз ҳамсоязанҳо низ ҳамроҳамон мерафт.
– Рафтан – ку алббата, мераванд, вале он касро дар ҳамин ҷо хабар кардан даркор, охир ба сари бандаи одам чӣ рўзҳое намеояд. Дар солҳои мудҳиши ҷанги бародаркуш Ситоробону ҳам ду бародарашро аз даст додааст.
Ман ҳозир гўён, – он мард аз онҳо ҷудо шуд ва баъди се – чор дақиқа баргашта Камоллиддинову ронандаашро ба хона таклиф кард.
– Ситора ронандаро шинохт магар, ки каме авзояш беҷо шуд, вале ба ҳар ҳол худро ба даст гирифт, меҳмонҳоро ба хона даъват карда, хайра мақдам гуфт. Дар ҳамин асно боз ду се ҳамсоязан ҳам даромада омаданд.
Намоз аз «Қурьон» оятеро хонда, даст ба дуо бардошт ва ба Ситора рў оварда гуфт :
– Хоҳарам Ситорабону худро ба даст гир тақдир ин даъфа ҳам ба ту раҳм накард…
Соҳибхона давоми гапро шунид ё не, вале хонам сўхт гўён беҳуш шуда афтид. Яке аз ҳамсоязанҳо об оварда ба рўяш пошид ва лаҳзае пас ў чашм кушода пурсид, ки:
– Акаи Намоз, оё дадаи Замира дар қайди ҳаёт нест?
– Ба фикрам ҳамин хел аст, – гуфт Намоз. – Давлат – ако ба Алма Ато нарафтааст.
– Чӣ?!
– Ҳа, хоҳарҷон Давлат ба Алма Ато нарафтааст…
Ситора хело оби чашм рехт ва ҳамсоязанҳо ҳам гиря намуданду Ситораро ором карданӣ шуданд ва ниҳоят Камолиддинов мақсади омадани хешро баён кард…

пешина
аз 408
навбатӣ