АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Соиб Сулаймонов соатҳои 11 ба кор омад. Ў сари субҳ аз нав ба прокуратураи ҷумҳурӣ рафт. Дирўз маҷлиси мушовара то шом давом кард ва натавонист, ки баъзе масъалаҳои ҷориро ҳал намояд. Ва ин субҳ ба қавле дарду алами хешро ба гўши садрнишинони ин идораи муҳашам расонида, сипас ба идора омад. Баробари ба қабулгоҳ даромадан аз котиба хоҳиш кард, ки муфаттиш Қурбонзодаро ва наздаш даъват кунад.
– Он кас нестанд.
– Чӣ ба кор набаромаданд?
–Не, ҳамагӣ 10 – 12 дақиқа пештар ҳамроҳи кормандони милиса ба экспертизаи тиббӣ рафтанд.
– Ягон кори таъҷилӣ баромадааст?
– Милисаҳо шахсияти мақтулро муайян намуданд ва бояд ўро ба хешу ақрабояш нишон диҳанд.
Прокурор дигар чизе нагуфта вориди утоқи корияш шуд.
Ду кондисионер бо тамоми қувва кор карда, ҳавои утоқи кори сарназоратчии қонунро хело муътадил гардонида буд.
Сулаймонов ҳарду кондисионерро хомўш карда, ба тарафи мизи кориаш гузашт ва ҷусаи паҳлавононаи хешро ба курсӣ партофта, даст ба телефон бур. Баъди рафтани зердастон Абдуҷаббори Ислом боз сари ҳамин масъала баргашт. Худ ба худ мегуфт:
«Бубин аз чашми одимизод ягон чиз пинҳон намемонад, ҳатто дар авҷи осмон ҳам дуздию ғарӣ дар паси г… хар аст».
Ҳарчанд то кунун аз гурўҳи назорати берунӣ ягон хабаре наомада буд, вале ў ба хулосаи омад, ки дер – ё зуд дилдодагон боз ба он бино ташриф хоҳанд овард. Агар шахсияти мақтул муайян шавад, то андозае кор осон мешавад.
Занги телефон садо доду сардор гўшакро бардошт.
– Ҳа, Соиб Сулаймонович…
– Дар ҳақиқат Нигор ақлашро хўрдааст, – гўшакро болои
телефон гузошта аз дил гузаронд Муллоев. Аз дасти ин
«партизан» ҳар кор меояд. Гумон дорад, ки ман дар ҳақиқат аз
ҳамсарам ҷудо мешавам. Ҳарчанд ман аз тақдир ризо нестам, вале ба кори қаламкаш шак оварданӣ нестам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё