Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Марказ чанд дақиқа пеш зане дари хонаи дар зери назорат бударо кушод. Ў ба хона даромадан мехоҳад.
– То омадани гурўҳи фаврӣ ўро боз доред. Қабул.
– Марказ, шуморо фаҳмидам то алоқа.
Нигор инро шунида дигар муқобилияте накард. Ў танҳо хавфи онро дошт, ки мабодо сайёдаш биояду ҳама кор расво шавад…
– Шумо медонед, ки чаро ин хонаро зери назорат гирифтанд? пурсид Нигор.
– Не, – гуфт ҷавоне, ки ўро боздошта буд.
– Ин аҷиб.
– Чияш аҷиб?
– Он чиз ки шумо ягон чизро намедонед.
– Мо вазифаи хешро нағз медонем. Фармон буд, ки ҳар касе таваҷҷўҳи ин хона дорад, дастгир шавад, вале ҳеҷ гумон надоштем, ки ба ин ҷо зан ташриф меорад.
– Шояд ягон ҳамсояаш арз намудагист?
– Чизе гуфта наметавонам.
– Гуфта наметавонед, ё ягон балоро намедонед?
– Ё ҳарду, – хандида гуфт ҳамоне, ки ба мухориба баромада буд ва илова намуд, ки хонум ташвиш накашанд, аз ду сар як соат пас ҳамааш маълум мешавад.
– Чӣ ман як соати дигар ин ҷо интизор мешавам?
– Мумкин…
– Нишастан мумкин– мӣ?
– Албатта.
Нигор рўзномаи нав аз дўкони сари роҳ гирифтаашро ба яке аз зинаҳои ба бом мебаромадагӣ гузошта болои он нишаст ва ба андешаҳои худ дода шуд…

Вақте автомашинаи «Ёрии таъҷилӣ» ба назди хона Боқиев
омад, аллакай автобуси Академия он ҷо буд. Мардум қариб
ҳама гўшовоз шуда буданд, чунки баробари дар пеши бино
истодани «Ёрии таъҷилӣ» дар як замон пеши ҳавлӣ аз мардум
пур шуд. Ситораро аз ду дасташ дошта ба хона бурданд. Сипас
ҳамсояҳо ва кормандони Академия мақтулро фароварда ба
хона бурданд.Чун дар бораи хешу аҳрабояш фаҳмиданд, Камолиддинов чанд тан аз кормандонашро ки автомашинаи шахсӣ доштанд, барои овардани онҳо фиристод.

пешина
аз 408
навбатӣ