Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ронандаашро бошад ба Норак барои овардани бародари Давлат равон кард.
Бинобар гармои тоқатфарсои тобистон ҷасади марҳумро имконияти то рўзи дигар нигоҳ доштан набуд ва маросими дафнро ба соати 16 таъин намуданд. Камолиддинов ҳамаи онҳоеро ки барои овардани хешу ақрабои марҳум фиристод, ҳушдор сохт, ки илоҷе намуда то соати 15 ҳозир шаванд…

Нигор дар ҳақиқат фарзанди аввалини хонадон ва ниҳоят эрка калон шуда буд. Шояд падару модар то ҳанўз аз таҷрибаи рўзгор баҳра набурда буданд ва фаҳмидан намехостанд, ки «фарзанд азиз, одобаш аз ў азизтар» ва ҳар як нозу карашмаи духтарашонро мебардоштанд… Падару модар то хабар ёфтанд, ки фарсахҳо гузашт… Ҳангоми дар синфи нўҳум хондани Нигор ба гўши падар баъзе миш – мишҳо расид ва ў дар зиндагӣ бори аввал ба сари духтараш мушт бардошт, вале аллакай дер шуда буд…
Нигор дар он шабу рўз ошиқ шуда буд ва падар ҳеҷ фаҳмидан намехост, ки:
Дили ошиқ , мисоли гурги гўшнаст, Ки гург аз ҳай–ҳайи чўпон натарсад…
ва насиҳати падар барои Нигор он лаҳзаҳо аз ҳамон ҳай–ҳайи чўпон беш набуд…
Падар чун дид, ки намешавад, муддати чанд рўз Нигорро ба мактаб рафтан намонд. Ба қавле ўро хонабанд кард ва Нигор пайт ҷўста аз хона гурехт…
Танҳо баъди як ҳафта ба тағояш муяссар шуд, ки ўро аз хонаи яке аз хешовандони Фирдавс (ошиқи Нигор) дастгир намуда, ба назди падару модараш баргардонд.
Акнун Нигор он духтари шўху бебок набуд. Дар давоми як ҳафта чашмонаш коҳида ва чеҳрааш маҳзун метофт…
– Хўш, мазаи ишқро чашидӣ, бубин чӣ кор кардӣ, ҳам худ ва ҳам ману падаратро дар байни дўсту душман шарманда сохтӣ, – баробари ба остонаи хонаашон қадам ниҳодан торсакии обдоре ба рўяш зада гуфт модар…

пешина
аз 408
навбатӣ