АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Хайрият ҳеҷ кас ин авози парешони ўро дарк накард.
Ҳамроев бо хокаи махсус шиша ва пиёлаҳоро тоза карда аз назар гузаронд, гуфт ки ягон нақше нест ва боз илова кард, ки дар ҳақиқат нақш будаст, вале касе онҳоро чун ҳама нақшҳои дигари дар ин хонадон гузошта тоза намудааст.
Маҳз ҳамин ҳолат милисаро бодиққаттар сохт ва ҳамаи мизу курсии меҳмонхона то балконро зиёдтар мавриди омўзиш қарор доданд.
Дар ҳамин байн касе хомўширо халалдор накард. Ҳама ҳушу гўш ба тарафи Ҳамроев буданд. Ва маҳз ҳамин хомўшӣ ба дили Нигор чун корд мехалид. Ў ҳеҷ намефаҳмид, ки мақсади ин ҳама ташхиси дақиқ дар чист? Аз дил гузаронд, ки шояд ба ҷуз ў ва Расул дар ин хонадон боз ду нафари дигар ҳам ишқварзӣ намудаанд. Ниҳоят каме ҳам бошад Нигор ором шуд фикр кард, ки шояд калиди хонаро язнааш Тоҳир ба ягон каси дигар дода бошад. Ва ниҳоят ба хулосае омад, ки дар миёни он ду нафар муноқишае бархостаасту ҳодисаи гўшношуниде рух додагист…
Дар ошхона як – ду пай ёфтанд. Пай дар байни гардҳои рўйи фарш, вале Ҳамроев ҳарчанд кўшиш кард, онҳоро гирифта натавонист, чунки шахси дар ошхона гаштугузор кардагӣ таги ҷўроб будааст…
Дар чойнаки болои газ ҳам нақши ангуштонеро ёфтанд.
Ҳамроев чойнакро бо хокаи махсус тоза карда, онро ба дактилокарта гирифт. Нигор хост гўяд, ки он нақш нақши ангуштони ўст, вале аз чӣ бошад, ки хомўширо алво донист.
Чун ҳама корҳои хешро Ҳамроев анҷом дод, гўё ки нав Нигорро ба ёд оварда бошанд, гурўҳи тафтишотӣ ба сари мақсад омад ва чун Нигор аз мақсади онҳо огоҳ шуд, замин дар зери пояш фурў рафтагӣ барин шуда, сараш чарх зад…
Ҳарчанд ба хона рафтан мехост, вале фаҳмид, ки ба осонӣ халос нахоҳад шуд, аз ин рў ба саволҳои муфаттиш бе ягон дудилагӣ ҷавоб медод. Гуфт ки чандин бор дар ин хонадон будааст ва мақсади ташрифи имрўзаашро низ хабар дод. Оид ба воқеаи дар ин хонадон рухдода ҳаминро гуфт, ки аз марги худ хабар дораду аз ин ҳодиса не. Ва боз илова кард, ки шукри Худо хонаи обод, шавҳари хуб ва фарзанди дўстрўяке дорад…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё