АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Ў бо як чашмак задан тавонист, ки донандаи қонунҳои Нютонро ба ҳуҷраи худ даромад…
Баътар худи Расул ҳам иқрор шуд, ки ҳамон лаҳза нигоҳи ҷаззоби ҷавонзан чун қонуни ҷозибаи умумиҷаҳонӣ ўро ба тарафи худ кашид ва чӣ хел ба хонаи Нигор даромаданашро нафаҳмид…
Лифт кушода шуду чанд нафаре, ки дар байнашон як либоси низомипўш ҳам буд, ба майдончаи ошёнаи нўҳум фаромаданд.
Ҳамон милитсионере ки Нигорро дар пеши дар нигоҳ дошта буд, ба тарафи яке аз омадагон, ки дар либоси ғайринизомӣ буд, ба таври расмӣ гузориш дод.
Марди дар либоси низомӣ буда ба азназаргузаронии дақиқи бино пардохт…
– Кори шефатро ин кас (Нигорро нишон дода), – хеле осон карданд, – гуфт Сорбони Ҳомид ба тарафи Қурбонзода нигариста.
Муттафиш бо аломати тасдиқ сар ҷунбонда аз ташхисгар криминалист, ки дар долон ҷунбуҷул дошт пурсид, ки ҳамин хел дар остона меистем.
– Боз андак сабр кунед.
Нигор ҳамоно ҳайрон – ҳайрон ба кору рафтори онҳо менигарист ва ҳатто маҷоли пурсиш ҳам надошт. «Ҳамин лаҳзаҳо бояд Зариф ба хона расида бошад», аз дил гузаронд ў.
Ҳарчанд ў аз омадани Зариф шод ҳам набуд. Ў аслан аз дигар чиз хавф дошт, аз Расул. Метарсид, ки нохост даромада наояд.
Ниҳоят ташхисгар – криминалист лейтенанти милиса Ҳамроев ҳамаро ба дохили хона даъват кард. Сорбони Ҳомид дар ин асно ду ҳамсояро ҳам ба ҳайси шахси холис таклиф намуд.
Шояд ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ гумон дошт, ки ҳамсояҳои Иброҳимов хоҳарарўсашро мешиносанд, вале ин хел нашуд. Ба пурсиши Сорбони Ҳомид ҳарду ҳамсоязан, ки дар ошёнаи нўҳум мезистанд посух доданд, ки зани ҳамроҳи милисаҳо бударо бори аввал мебинанд, ҳарчанд Нигор бо Хумор як себи дукафон буданд…
Вақте ки дари меҳмонхонаро кушоданд ҳуш аз сари Нигор парид. Болои мизи меҳмонхона як шишаи коняки панҷситорадор газак ва ду пиёла меистод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё