АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

– Рафта биноро дида омадӣ? Гумон кардӣ, ки касе онро дўздида бурдааст? Наход барои то хонаи Хумор рафтан шаш соат вақт сарф шавад?
– Шумо маро нафаҳмидед, наход фикр кунед, ки ман…
– Он чӣ ки айён аст…
Ашк дар чашмони зан халқа зад, лаҳзае пас қатраҳои он ба рухсори зебояш ҷорӣ шуд…
– Ман, ман охир хостам хонаҳои Хуморро каме ҳам ба тартиб дарорам, – гиряолуд гуфт зан.
– Беруни хонаҳоро? – талх карда гуфт мард.
– Чаро берунашро? Охир калиди хонаи Хумор дар дасти ман буд ва омада хонаҳояшро таги чангу ғубор бинад чӣ мегўяд?
– Чӣ калиди хонаи Хумор дар дасти ту буд?
– Ҳа.
– Чаро ман намедонам?
– Чунки ягон бор напурсидед ва ман нафаҳмидам, ки рўзе мешаваду барои калид ҳамсаратонро гунаҳгор мекунед, вагарна ҳамон вақт дар ин бора хабар медодам.
– Ин аҷиб аст?
– Охир наход калиди хонаи бегона ин қадар таваҷҷўҳатонро бедор намуда бошанд, ман ҳеҷ шуморо намефаҳмам, ки барои калид шуда ин қадар шўру мағал бардоред. Ё аз он чӣ Хумор калидро дар ин ҷо монда рафт, ними хонаат сарнагун шуд? Оё айб набуд, ки ҳамон калидро ба дигар қитъаи олам гирифта барад? Агар маро бовар намекунӣ, пас ин зиндагии мо чӣ манъӣ дорад? – гуён Нигор бо қаҳр аз паҳлўи шавҳар гузашта ба хонаи хобаш даромад.
Зариф лолу карахт монд. Аслан ў ҳеҷ рафтори ҳамсарро нафаҳмид. Хост ба хона даромада, Нигорро ба зери мушту лағад гирад, вале боз андеша кард. Рафту ҳақ ба ҷониби Нигор бошад. Дар ҳақиқат чӣ ҷойи бадӣ дорад, агар хоҳар барои нигоҳдорӣ калидро ба дасти апааш дода бошад Аз чӣ бошад, ки дафтари хотироташ варақгардон шуд ва зиндагии хешро бо ҳамсари дуюм пеши назар овард. Ҳарчанд дар зиндагиӣ каму камбудие набуд ва ба қавле Нигор ҳокими мутлақи хонадонаш буд, вале ҷангу ҷанҷолҳои вақтҳои охир ташкил намудаи ҳамсараш дили ўро хунук сохта буд. Дар ҳақиқат дар давоми як соли охир дар хонадони онҳо байни ў ва ҳамсараш борҳо ҷангу ҷанҷол шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё