АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Нигор баъзан майда чўйдаҳоеро баҳона карда мағал мебардошт, ки онҳоро ҳамин хел надида гузаштан ҳам мумкин буд ва ў ки боре дар зиндагӣ шикаст хўрда буд, ҳамаи онро нозу нузи занона мепиндошт…
Фикр мекард, ки рўзе Нигор хатои худро мефаҳмад ва ба хотири Фирўзҷон ба ҷангу харшахаи хеш хотима медиҳад, вале ҳамааш баръакс шуд ва ў ёд овард, ки вақтҳои охир ҷанҷолҳои оилавӣ зиёдтар шуданду камтар не… Нописандии имрўзаи ҳамсар ҳангоми бозгашти шавҳар аз Тошканд низ сабаб буд, ки Зарифро ором намегузошт…
– Оча.
– Чӣ мегўӣ бачам?
– Хобам намебарад.
– Хоб кун бачам, ҳоло нисфи шаб.
– Чаро туву Замираю Сайёд имрўз ин қадар гиристед?
– Хоб кун Парвизҷон, ҳоло вақти ин гапҳо не, хоб кун бачам.
– Не, хобам намебарад, дадома мегум…
…
Суханони Парвиз чун корд ба қалби модар халид ва Ситора дар рўшноии хираи чароғ бори дигар ба чеҳраи фарзандониш нигариста, аз тақдири бади хеш, ки дасти шахшўли зиндагӣ ба сараш зад нолид. Аз тарс ки Замираю Сайёд бедор нашавад, беовоз мегирист…
Дирўз дар ташхисгоҳи тиббӣ–судӣ ҳамин қадар фаҳмид, ки шавҳараш аз як бинои нўҳошёнаи кўчаи Беҳзод сарозер ба замин афтидааст.Ў худкушӣ намудааст ё ўро партофтанд то ҳанўз милисаҳо ҳам аниқашро намедонанд. Охир, чаро ў худкушӣ мекардааст? Магар барои ин ягон асос дошт? Оё ман дар давоми чордаҳсоли зиндагии якҷоя боре ҳам ўро хафа нанамудаам, ки ба чунин кор даст занад? Албатта, зиндагӣ бе каму камбудӣ нест ва гоҳҳо ҷанҷол ҳам мекардем, вале ў барои ба чунин амал даст задан асос надошт? Оё фикри фарзандони хешро накард?…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё