АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Академия улум ўро ба институти мо фиристод ва тайи чанд моҳи аввал ба ҳайси ходими калони илмӣ кор кард. Сипас Пажўҳишгоҳ барои ишғоли ҷойи мудири шўъбаҳо конкурс эълон намуд ва ў дар озмун вазифаи мудири яке аз шўъбаҳоро ишғол кард. Яъне курсии мансабро дар озмун гирифт. Нисбат ба суоли дуюматон ҳаминро гуфтаниам, ки Давлат Боқиевич ҳамагӣ ду моҳ пеш аъзои Шўрои илмии институт интихоб шуда буд ва дар ин байн ҳамагӣ як рисолаи илмӣ барои гирифтани унвони илмии номзади илмҳо муҳокима гардид ва он ҳали мусбии хешро ёфт…
– Ба ҷуз Боқиев оё ягон нафари дигар барои ишғоли вазифаи мудири шўъба дар озмун иштирок кард?
– Албатта, озмун – озмун аст ва дасту остин барзадагиҳо ҳам кам набуданд.
– Рўйхати онҳоро дидан мумкин.
– Рўйхат ва материалҳои ба озмун пешниҳод шуда дар дасти раиси шўрои илмӣ, ё чӣ хеле, ки мегўянд дар дасти директор меистад, вале ба гумон аст, ки ўро дар ду– се рўзи охир ёфта тавонед.
– Он кас ба ягон ҷо рафтаанд?
– Бале, субҳи имрўз муаллим Камолиддинов ҳамроҳи гурўҳи ҳукуматӣ ба шаҳри Минск рафтанд, – гуфт мудири шўъбаи кадрҳо Афғонов.
Сорбони Ҳомид боз ба чанд нафар кормандони дигар суҳбат намуд, вале аз нишондоди Афғонов чизе бештар ба даст оварда натавонист…
Дар нимаи дуюми рўз Нигор Бурҳонова ба милиса омад. Ба суолҳои ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ аз дирўза беш чизе илова накард. Сорбони Ҳомид ба хулосае омад, ки вай на аз он қабил одамонест, ки бе далелҳои кофӣ худро бой диҳад. Бо гург ба забони худаш гап задан лозим, вагарна чизе ба даст нахоҳад омад.
– Мо далелҳое дар даст дорем, ки – гуфт ў, – то содиршавии ҷиноят ҳам борҳо мардум зану мардеро дар балкони ҳамон хона дидаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё