Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Чӣ маро гумонбаред?
– Модоме, ки калиди хона дар дасти шумо буд, дигар аз кӣ гумонбар шавем, – сахт карда гуфт Сорбони Ҳомид.
– Охир ман фарзанд ва оилаи обод дорам, наход чунин фикр кунед.
– Афсўс, ки на ҳар кас оиларо муқаддас медонад.
– Не, аз мурданам хабар дораму аз он ҳодиса не. Шумо чӣ гумон мекунед, ихтиёратон, вале ман худам шишаи холии маю пиёлаҳоро дар меҳмонхона дида ҳайрон шудам ва боварӣ дорам, ки ягон каси дигар низ аз он хона калид дорад.
– Оё боре калиди хонаи хоҳаратонро ба ягон кас додаед?
– Не.
– Калидҳоро дар куҷо нигоҳ медоштед?
– Дар паси оинаи даҳлези хона.
– Рафту ягон кас онҳоро аз паси оина гирифта бошад чӣ?
– Ба гумон аст ва умуман онҳо тарзе гузошта шуда буданд, ки ба чашм ноайён, ҳатто шавҳарам ҳам намедонист.
– Аз он ки шавҳаратон намедонист мо шубҳае надорем, чунки худи шумо инро намехостед.
– Чиро дар назар доред?
– Ба ақидаи мо калидҳоро шахсе гирифта метавонист, ки дар он хона будааст ва умуман аз сирру асроратон пурра огоҳ аст.
Сорбони Ҳомид дар чеҳраи мусоҳибаш тағиротеро ҳис кард, ки онро ба ҷуз тарс чизи дигар маънидод карда намешуд.
– Модоме, ки медонед он шахс кист?
– Ба фикри мо яке аз ҳамонҳоест, ки дар балкони хонаи хоҳаратон ишқварзӣ мекардааст.
–Шумо аз ман гумонбаред, охир андеша намоед, ки аз куштани худораҳматӣ, … чӣ буд номаш?
– Давлат Боқиев.
– Ҳа, Давлат Боқиев, ба ман чӣ суд?
– Ба шумо – ку не, вале ба ҳамоне, ки калидҳоро аз паси оинаатон гирифтааст ва боз ҳамон хел ноайён онҳоро баргардонда оварда ба ҷояш мондааст.
– Хайр гап занед. Кист он шахс?
– Ҳамонест, ки ҳамроҳи шумо дар балкон ишқварзӣ намуда…

пешина
аз 408
навбатӣ