Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар хона ба маъракаи серўзагии марҳум омодагӣ медиданд. Ҳамсари марҳум Ситора ба чанд саволи Сорбони Ҳомид ба таври ғайрирасмӣ ҷавоб дода гуфт, ки шавҳараш рўзи якшанбе соати 10 30 дақиқа аз хона баромада, бо худ сумкаи сафарии «Адидас», рангаш сиёҳ дошт. Ба ҷуз ҳуҷҷатҳо ва маърўзаи тайёрнамудааш як пар либоси спортӣ ва шиму кастюми хокистаррангу се галстук ҳам гирифта буд. Зиёда аз дусад сомонӣ низ дошт. Азбаски таги куртаи сафед буд, ҳамагӣ чанд сомонӣ дар кисааш монда боқимонда пулҳоро низ ба ҳамон сумка ҷой карда буд.
Сорбони Ҳомид ҳарчанд фаҳмидани шуд, ки чаро Боқиев чору ним соат пеш аз парвоз аз хона баромадааст, вале Ситора ҷавобе гуфта натавонист.
– Аз хона барвақт баромадани Боқиев шояд дар он бошад, ки ягон кор доштааст, вагарна ў метавонист баъди нисфирўзӣ рост ба фурудгоҳ равад, – аз дил гузаронд Сорбони Ҳомид. Ва боз Бурҳоноваро пеши назар овард. Чашмони ҷаззоб ва нигоҳи зебои Нигор морро аз роҳ бероҳа мекунад, на ин ки мардро ва шояд Боқиев ҳам ба сеҳри чашмони ў тоб наоварда, ба домаш афтида бошад ва на як бору ду бор дар он хонадон ҳамроҳи ў будагист...
Суҳбат ба Ситора назарияи роҳзаниро ба зинаи якум бароварда, ҳамзамон аз ҳамин зина гумонбаршуда Бурҳоноваро каме ҳам бошад пасттар овард. Сорбони Ҳомид тамоми роҳ сари ин масъала андеша кард ва ниҳоят ба хулосае омад, ки зане чун Бурҳонова, ки шавҳараш саринженери калони як муассисаи бонуфуз буд ва то он ҷойе, ки ў медонад, зиндагии шоҳона дорад, ба мақсади ба даст овардани дусад сомонӣ ба гумон аст, ки ба чунин ҷиноятӣ мудҳиш даст занад.
Агар дар ҳақиқат Бурҳонова бо Боқиев мулоқоти маҳрамона дошта бошад ҳам, ба гумон аст, ки ба чунин ҷиноят даст занад ва аз эҳтимол дур нест, ки худи Боқиеви сархуш (дар хуни марҳум экспертиза миқдори зиёди нушокии спиртиро муайян намудааст) барои ҳавои тоза гирифтан ба балкон баромада нохост сараш чарх зада, ба поён рафтааст. Бурҳонова ки чунин анҷом ёфтани вохўриро интизор набудааст аз саросемагӣ ҳамаи изу нақшҳои гузоштаашро тоза намуда, ҳатто имконияти гирифтани шишаю пиёлаҳоро наёфта, хонаи хоҳарашро тарк кардааст.

пешина
аз 408
навбатӣ