Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Танҳо баъди се рўз ў ба мақсади аз байн бурдани изҳои монда ба он ҷо рафтааст. Ин гуна хулоса нисбати Бурҳонова ба мантиқ наздиктар аст, вале ёфт нашудани сумкаи сафари «Адидас», ки Боқиев ҳамроҳаш гирифта будааст, ба назарияи аз беэҳтиётӣ афтидани Боқиев хатти батлон мекашид ва маҳз ҷиноятро ба мақсади роҳзанӣ ба зинаи аввал меовард.
Дишаб ў пеш аз ба хона рафтан ба шўъбаи такягоҳи ҷамъиятии рақами чор занг зада, аз нозири минтақавӣ оид ба корҳои ноболиғон лейтенанти калони милиса Сўфиев хоҳиш кард, ки пагоҳ соати 11 ноболиғон Ҷунайдов Каромат ва Мусулмонов Алишерро ба ШКД ҳозир намояд. Вақте ки ў ба милиса омад соати деворӣ 10 40 дақиқаро нишон медод…
Ба кабинети сардори бахш даромада, аз натиҷаи суҳбат бо Боқиева Ситора ўро огоҳ сохта, фикру ақидаи хешро дар бораи рафти минъбадаи тафтиш иброз намуд…

Шиносоии расмӣ дар вақти таъиншуда баргузор гардид. Ба расмият даровардани ин шиносоиро муттафиш прокуратура Маҳмуд Қурбонзода бар дўш дошт. Маҳмуд Қурбонзода талаб намуд, ки ба ҷуз одамони холис боз педагогеро низ даъват намоянд ва Сўфиев аз мактаби наздиктарин муаллими солхўрдаеро ҳам даъват карда овард...
Ҷунайдов ва Мусулмоновро дар алоҳидагӣ дар ҳузури педагог Алиев дар бораи мақсади ташрифашон огоҳ сохтанд ва ҳар ду ҳам дар алоҳидагӣ аз байни панҷ расм расми Бурҳоноваро шинохтанд ва гуфтанд, ки на як бору ду бор ўро дар бинои нўҳошёнаи рў ба рўяшон дидаанд ва бори охирин се рўз пеш аз ин ҳодисаи гўшхарош ўро дар ҳамон балкони хона танҳо дидаанд...
Маҳмуд Қурбонзода ки таҷрибаи кори бештаре дошт, сари субҳ ба институт рафта, аз шўъбаи кадрҳо расми Боқиевро оварда буд ва чун аз мақсади муфаттиш кормандони милиса огоҳ шуданд, аҳсан гуфтанд, чунки онҳо ин ҳамин тарафи масъаларо фикр накарда буданд.
Шиносоии дуюм, ки баъди бист дақиқа оғоз ёфт, ягон натиҷае надод. Ҷунайдов ва Мусулмонов ҳатто дар байни се расм Боқиевро нашинохтанд. Муфаттиш бо суоле ба Ҷунайдов ва Мусулмонов дар алоҳидагӣ баъди анҷоми шиносоӣ муроҷиат кард.

пешина
аз 408
навбатӣ