Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шояд бо Садбарг? Садбарг дугонаи наздики ўст ва дар хонаи шафат истиқомат дорад. Дўзандаи моҳир аст. Аз мўд боре ҳам қафо намонда. Шавҳарашро ба даст гирифтааст.
Ҳамон мардаки бузбала дар назди ў бечора аст... Шояд агар милиса мешуд, вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ аз наздаш фарсахҳо роҳ мегурехтанд. Ҳарчанд одами дилсоф аст, аммо хислати бадаш ҳамин, ки дар дилаш ягон гапро гирифта гашта наметавонад, ҳама чиз дар нўги забонаш. Пас оё ба чунин шахс бовар кардан мумкин аст? Ҳаргиз! Нигор ба симои дугонааш низ батлон кашид.
Гуфтаанд, ки пеши доно нараву пеши корафтода рав, ба ёд овард Нигор кампири Гуланорро. Дар ҳақиқат вай гармою сармои рўзгорро бисёр дидагӣ. Се маротиба ба шавҳар баромадаст. Шавҳари дуюмаш ҷояш ҷаннат бод, соли гузашта бо олами ҳастӣ падруд гуфт. Марди хебе буд. Гуланор гумон кард, ки мисли ў шавҳар меёбад бо марде никоҳ баст. Аммо ў майзада буд. Доимо масту аласт омада ҳамсар ва ҳамсояҳоро ба ҷон овардагӣ. Гуланор дидааст, ки намешавад, ба милиса арз карда, шавҳараш Ғуломро ба муддати ду сол ба Муассисаи меҳнатию табобатӣ фиристодааст… Нигор ба ёд овард, ки баъ зан ҳамсояҳо кампири Гуланорро милисаи ғайриштатӣ мегўянд. Ҳарчанд ў то кунун аз кампир бадие надидааст, вале мегўянд то шамол набошад, шохи дарахт намеҷунбад. Албатта, ягон гап будагист. Модоме, ки ў милисаи ғайриштатист аз ў маслиҳат пурсидан ин рост ба сари хеш бало овардан аст. Не инаш ҳам нашуд...
Нигор сари ин масъала бисёр андеша кард боз каму беш номзадии чандин нафарро ки ба ў дар чунин рўзи сахт маслиҳат дода метавонанд, дар тарозуи ақл баркашид, вале аз Расул Муллоев дида ба ин мақом шахси наздиктареро надид.

Соиб Сулаймонов аз прокуратураи шаҳрӣ бо димоғи сўхта баргашт. Дар қабулгоҳ касе набуд ва ў утоқи кориаш даромада ба муфаттиш Қурбонзода занг зад. Мутаасифона касе гўшакро набардошт.
– Куҷо рафта бошанд, на котиба ҳасту на муфаттиш, – аз дил гузаронд прокурор ва аз ҷой бархеста берун баромад. Дари яке аз утоқҳои кориро кушод.

пешина
аз 408
навбатӣ