АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Ёвараш Дилбар чунон саргарми кор буд, ки ҳатто аз омадани ў хабардор нашуд.
Ниҳоят Соиб Сулаймонов гулу равшан кард ва Дилбар аз болои қоғазҳо сар бардошта, ба ҳурмати устодаш аз ҷой бархост ва ўро таклифи нишастан кард.
– Дигарҳо канӣ? – баробари ба курсӣ нишастан пурсид Сулаймонов.
– Ҳама рафтанд.
– Чӣ хел рафтанд?
– Ҳамин хел рафтанд, рўзи корӣ тамом шуд, соат 19 – 20 дақиқа.
– Ҳамин милисаҳо мардуми аҷибанд, кадом вақт ки равӣ ҳамеша онҳоро меёбӣ, аз мо бошанд соат нигоҳ карда мешинанд,– гуфт прокурор.
– Милиса, милиса аст, охир онҳо дусад нафар, мо бошем бист нафар. Барои ҳамин онҳо ҳамеша пеши назаранд, бузургии коллективи калон ҳам дар ҳамин аст Соиб Сулаймонович.
– Пас чаро Шумо ба ҳамон коллективи бузург ба кор нарафтед?
– Ҳар кас бояд ҷойи худашро донад устод. Дар милиса на ҳар зан тоқат мекунад ва шояд ман яке аз ҳамонҳо бошам.
– Охир то ба кор омаданатон аз куҷо мефаҳмидед, ки кор дар милиса чӣ хел аст?
– Мефаҳмидам, чунки бародари калонам Фидоалӣ милиса аст ва ба қавле ман ҳам нони милисаро хўрдаам.
– Қурбонзода ба ман лозим буд.
– Ҳа, дар воқеъ қариб фаромўш намудам, Қурбонзода ҳоло дар милиса аст. Ў ба ман ҳамин хел гуфт , ки ба милиса меравад, хоҳед ўро ҷеғ занам.
– Не, ман худам, – гўён Соиб Сулаймонов аз ҷой бархеста чанд қадам монд ва дар пеши дар лаҳзае тавоқуф намуда пурсид: – Ҳама – ку рафтанд, пас чаро Шумо нарафтед?
– Чунки ман то кунун аз иҷрои супоришҳои Шумо набаромадаам устод.
– Бад не агар чунин масъулиятшинос бошед, – гўён прокурор баромад.
Ў ба утоқи кориаш даромада гўшаки телефонро бардошта рақами 02 – ро гирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё