АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

– Дар ҳамин кор мо Бурҳоноваро гумонбар мешуморем ва агар ўро ба ҳабс гирем, албатта шахси ҳамроҳаш дар он хонадон бударо тезтар номбар мекунад.
– Рафту дар ҳақиқкат ягон нафари дигар ҳам калиди он хонаро дошта бошад чӣ?
– Ба гумон аст. Мо дар ҳамин ақидаем, ки калид ба ҷуз ў дар дасти ягон каси дигар нест.
– Хоҳараш кай меомадааст?
– Рўзи сешанбе, – гуфт Сорбони Ҳомид.
– Боз се рўзи дигар ҳам тоқат кардан даркор. Мо ҳуқуқ надорем, ки шаъни нафареро бе далелҳои кофӣ паст занем.
Албатта, то он рўз дастҳоро болои ҳам монда ашўла хондан лозим не ва агар нисбати Бурҳонова далелҳои иловагӣ пайдо кардед, боз сари ҳамин масъала бармегардем. Беҳтар мешуд ки шумо корро дар институт ҷоннок мекардед. Дар таҷрибаи чандинсолаи корӣ ба чунин фактҳое рў ба рў омадам, ки ҳамкор барои курсии мансаб қасди ҷони дигаре намудааст.
– Боқиев курсии мансабро дар озмун ишғол кардааст ва ба гумон аст, ки касе дар ин бора норозигӣ намояд,– гуфт муфаттиш.
– Ба ҳар ҳол санҷидан лозим, ҳарчанд дар прокуратураи шаҳрӣ дар ин бора баҳсу мунозираи зиёд шуд, вале парвандаи хомухатала ба ман лозим нест. Бигзор дер ҳам шавад, вале ҳақиқатро рўйи об бароред. То рўзе нашаваду аз Бурҳонова барин занҳои сабукпо узр пурсем. Ҳарчанд ҳар яки мо чунин шахсонро чашми дидан надорем, вале ин маънои онро надорад, ки бе исботи аниқи гуноҳаш барои ба даст овардани нишондод ўро ҳабс карда метавонем…
– Ба сабру тоқати шефат ман қоил, – баробари аз дар баромадан гуфт Сорбони Ҳомид.
– Марди бузургест шефи мо.
– Рост. Ман дар ин бора баҳс намекунам ва ба фикрам Шумо ҳам сабуриро аз он кас омўхтаед?
– Бо моҳ шинӣ моҳ шавӣ, – хандида гуфт Қурбонзода.
– Вале ман кори имрўзаро ба фардо гузоштани нестам, яъне сабру тоқат надорам ва ҳарчанд дер шудааст, мехоҳам, ки ҳамон зиёфати ваъда намудаатро нўши ҷон намоям.
– О, соат алакай бисту як.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё