Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чун каме ба худ омад, боз байни ҳамон девораҳои бетониро ёд намуд ва ба он ҷо ҳаракат кард. Мўйсафеди дарбон авози парешонашро дида аз саломатиаш пурсон шуд, вале ў гуфт, ки худро нағз ҳис мекунад. Маҳмуд Қурбонзода сари қадам ба утоқи кориаш даромада парвандаи ҷиноятиро оид ба куштори Боқиев ба даст гирифта, сипас ҳамроҳи Сорбони Ҳомид ба назди прокурор рафт.
Соиб Сулаймонович баробари муфаттиш ва ваколатдори кофтукови ҷиноятиро дидан сар аз болои қоғазҳои рўйи мизи кориаш бардошта, айнакашро болои миз гузошт, ҷўссаи паҳлавононаи хешро аз курсӣ бардошта рост шуд ва ба ҳарду даст дода салом намуду сипас онҳоро ба нишастан таклиф кард.
– Хўш, бачаи боба, кору зиндагӣ чӣ хел?
– Бо дуои Шумо гаштем.
– Гаштанат – ку хуб, вале ҳеҷ натиҷаи корат маълум нест.
– Натиҷааш ҳам мешавад.
Соиб Сулаймонов гарчанде ягон бор ваъдаи аниқи Сорбони Ҳомидро нашунида буд, гарчанде саҳмашро дар кушодани ҷиноятҳо аз ҳама зиёд медонист, имрўз ваъдаи аввалин ўро шунида шод шуд. – Ягон гап ҳаст, – аз дил гузаронид ў ва парвандаи ҷиноятиро аз дасти муфаттиш гирифта наздаш гузошт ва боз айнакашро ба чашм монда ба мутолиаи он пардохт.
Айнак ҷўссаи паҳлавононаи ўро боз ҳам босалобаттар менамуд...
Сорбони Ҳомид ва Маҳмуд Қурбонзода хомўш менишастанд. Онҳо гоҳ– гоҳ зери чашм ба тарафи прокурор, ки саргарми мутолиа буд назар афканда, ўро фаҳмидан мехостанд, вале ҳеҷ чиз муясарашон нашуд...
– Бад не,– ниҳоят баъди ним соат сар бардошта гуфт прокурор ва боз айнакашро аз чашм гирифта болои мизи кориаш монда ба тарафи мусоҳибонаш нигарист.
– Шеф, агар Бурҳоноваро ба ҳабс гирем чӣ? – пурсид Қурбонзода.
– Не, то ҳанўз барои ба ҳабс гирифтани ў далелҳо кофӣ нестанд. Охир ноболиғон Ҷунайдов ва Мусулмонов ҳам марҳумро ҳамроҳи ў надиданд–ку.

пешина
аз 408
навбатӣ