АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агар дар ҳақиқат гуфтаи мўйсафед тасдиқ шавад, офарин бар ў ки дар ин синну сол чунин чашми бино дорад. Ин андешаро аз сар гузаронида нақле ба ёдаш омаду табассум намуд.
… Дар Дарвоз касе нест, ки бобои Толибро нашиносад ва кам одаме ёфт мешавад, ки нону намаки ўро нахўрда бошад.
Ягона камбудии вай он аст, ки чашмаш касро мегирад. Ҳавлии бобои Толиб дар яке аз деҳаҳои зебоманзари соҳили Панҷ воқеъ гардида аст. Боре чанд нафар меҳмонаш буданд. Дар аснои зиёфат аз тарафи муқобили соҳили Панҷ дар пайраҳаи борики кўҳӣ се марди афғон аспҳояшонро этак карда мерафтанд. Меҳмонон манзараро тамошо карда истода, яке аз онҳо ба тарафи соҳибхона рў оварда гуфтааст, ки амак ба фикрам шумо човандози хубед, аз ҳамон се аспи афғонҳо кадоми аспи хубест дар бузкашӣ.
Ҳарчанд бобои Толиб аз «маҳорати» хеш хабар доштааст, вале ҳеҷ гумон надоштааст, ки дар масофаи панҷсад–шашсад метр ба афғон зиёне оварда метавонад ва аз ин рў аз сухани меҳмонро шикастан гардани шайтонро шикаста ба тарафи афғонҳо назар карда, лаҳзае пас гуфтааст:
– Ҳамон аспи мобайниаш аспи мешуданист, аспи бузист…
Ҳамин гап ҳанўз аз забонаш баромада – набаромада ҳамон асп аз пайраҳа сарозер ба поён меафтад. Авғонҳо давида омада сари аспро мебуранд ва ба тарафи хонаи бобои Толиб нигариста, ўро дашном медиҳанд, зеро мефаҳманд, ки ин даъфа низ чашмаш расид.
Бобои Толиб дар ғазаб мешавад, магар ки ба тарафи меҳмонҳо нигариста мегўяд:
– Хайр, чӣ хел?
Яке аз он меҳмонҳо, ки Раҳмат ном доштааст мегўяд:
– Офарин ба ин гуна чашм…
– О бача, хонаат сўзад, ту чӣ кор кардӣ? – гуфтааст соҳиби хона.
Раҳмат чизеро нафаҳмида пурсидааст:
– Чӣ кор кардам?
– О, ман дигар ягон ҷойро надида истодам, ҳама дунё дар назарам ғуборолуд менамояд…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё