АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Ҳоло бобои Толиб мўйсафед шудааст. Баъди ҷарроҳиҳои бисёр бо айнак пеши пояшро базўр мебинад ва ҳатто аз тақдир хурсанд аст, ки дигар то ин вақт касеро чашм накардааст…
Ногоҳ дари яке аз квартираҳо кушода шуду писарбачаи дувоздаҳ – сездаҳсолае берун баромад. Ў Сорбонро надида сурудеро замзамакунон ба поён давида рафт.
Соате пас ду милисионер ва Озар Аминзода омаданд.
Ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ бо ҳардуи онҳо дастур дода, ҳамроҳи Озар аз зинаҳо поён рафт…
Сорбони Ҳомид сари қадам ба ошхонаи сари роҳ даромада, тановул кард ва сипас ба идора рафт. Ҳайати гурўҳи фаврӣ сари масъалаи имрўза баҳс доштанд. Агар мақтул дар ҳамон бино зиндагӣ мекард, эҳтимол онро ҳамчун худкушӣ арзёбӣ кардан мумкин буд, вале…
Навбатдор хабар, дод ки соати бист ҳайати гурўҳи тафтишотӣ бояд ба назди сардор дароянд. Аз он рўзе, ки Абдуҷаббори Ислом сардор таъин шудааст, ҳар рўз аҳвол ҳамин аст, вале навбатдор чун ҷавобак ҳамаро ҳушдор месозад то боз касе нашунидам нагўяд…
Ба утоқи кориаш баромад, вале ҳамагӣ панҷ – даҳ дақиқа нагузашта, сардор ба воситаи телефон ўро ба наздаш хонд.
Баробари ворид шудан ў прокурори ноҳия Соиб Сулаймоновро дид.
– Ку биё, бачаи боба, – гуфт прокурор.
Сорбон аз дидани ў хушҳол гардида, гарму ҷўшон ҳолу аҳвол пурсид. Соиб Сулаймоновро аз давраи донишҷўияш мешиносад. Боре ҳангоми бозгашт аз Грозний ҳамроҳи ў бинобар бад будани ҳавои фурудгоҳи Душанбе як шабонарўз дар Тошканд монданд ва аз суҳбати ин марди наҷиб, ки он солҳо вазифаи муфаттиш оид ба корҳои махсуси прокуратураи ҷумҳуриро бар дўш доштанд, баҳравар шуд. Ва Соиб Сулаймонов ҳамеша ба ў бачаи боба (лаҳҷаи дарвозиҳо) гуфта муроҷиат мекунад.
– Хўш, бачаи боба, корҳо чӣ хел?
– Корҳо бад.
– Чаро бад будаст? – боз пурсид прокурор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё