АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Маҳмуд Қурбонзода бо дили нохоҳам қарорро дар бораи ба зери назорат гирифтани телефони ҷойи кори Расул Муллоев навишта имзо гузошт, ҳарчанд мефаҳмид, ки имзои ў дар чунин корҳо асоси ҳалкунанда надорад.
– Хуб, хоҳиши Шуморо иҷро намудам, рафиқ лейтенати калон, боз чӣ мехоҳед?
– Мехоҳам, ки онро гирифта ба назди шефат бурда, имзои мубораки он касро ҳам гирифта биёред.
– Эй не, ба назди шеф ҳардуямон меравем ва заруряти ба чунин амал даст заданамонро ба он кас фаҳмонда медиҳед..
– Охир ҳамаашро дар ҳамон қарор навиштед – ку.
– Навиштанро навиштам, вале… маро таги гап намонед.
– Ин хел бошад ман розӣ.
– Набошад рафтем, – гуфт муфаттиш
– Ҳа, бачаи боба, мебинам, ки ин даъфа зуд маро ёд кардед ва шояд ягон хушхабаре овардед, – гуфт Соиб Сулаймонов.
– Бо коре ба наздатон омадем ва агар моро бо умед пас гардонед, мумкин дар рўзҳои наздик хушхабаре бароятон биёрем.
– Ваъда намедиҳам, вале кўшиш мекунам, гап занед.
– О, бародар он қоғазата бидеҳ. Чаро шиштаӣ,– ба тарафи муфаттиш нигариста гуфт Сорбони Ҳомид.
Қурбонзода ҳайрон шуд. Ў ҳеҷ гоҳ бо прокурор чунин гап назадааст. Гумон кард, ки худи ҳозир Сулаймонов ҳардуро барои беодобӣ пеш мекунад. Адвокат овардем, – аз дил гузаронд муфаттиш.
– Хайр, биёред канӣ, чӣ доред? – гуфт прокурор.
Қурбонзода далертар шуда қарорро назди прокурор гузошт.
Сулаймонов айнакашро ба чашм монда, ба дарвозӣ даст диҳӣ аз оринҷат медорад, – гўён ў қаламро ба даст гирифта, қарорро мутолиа кард ва сипас сар бардошта, ба гўшаи қарор дар он ҷое, ки «Розӣ ҳастам» навишта шуда буд, имзо гузошт…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё