АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Фикри равшанбин амалро раҳбар аст.
Чун дурахши барқ пеш аз тундар аст!
М. Иқбол.
Наход ў ягон чизро пай бурда бошад. Дар ҳақиқат ҳам Нигор ақлашро хўрдагӣ барин, вагарна дуюмбора занг намезад. Вақте ки лозим набуд занг зад ва ҳоло ба даҳонаш об гирифтааст. Шояд зарурияте пеш омад, ки ў занг зад.
Телефон хомўш буд ва ин хомўшӣ чун нештар ба ҷонаш мехалид. Чанд бор ба хонаи Нигор занг зад, вале касе гўшакро набардошт. – Не ташрифи милисионер бесабаб набуд. – «Шумо ташвиш накашед, дар куҷо буданатонро мо худамон исбот мекунем» – суханони милисионерро ба ёд овард ў.
– Агар заруряте набошад чаро онҳо дар куҷо будани маро исбот кардан мехоҳанд? – Зинда бошем, мебинем. Беҳтараш ин фикрро аз сар дур намоям, то боз фишори хунам баланд нашавад. Агар ҳоло дар хона мешудам барои Нозанину Файзулло афсона мегуфтам. Бечора кўдак аз куҷо фаҳмид, ки аз фикр кардан фишори хун баланд мешавад? Ё очаш ба ў фаҳмонда бошад?
Телефон занг зад ва ў саросема гўшакро бардошт.
– Муллоев гўш мекунад.
– Расул Муллоевич шуморо Камолиддинов мепурсад, – хабар дод котиба
– Ҳозир меоям, – гўён ў гўшакро болои телефон гузошта аз дар баромад. Чанд вақт боз очаамро хабар нагрифтаам, агар вақтатон бошад имрўз як сари қадам кампирро хабар гирифта биёем, – хоҳиш кард Нигор аз шавҳараш дар сари дастурхон.
– Сабр кун фардо меравем, ҳам кампирро хабар мегирему ҳам Хуморро. Охир гуфтӣ, ки ў бояд рўзи сешанбе биёяд.
– Хуморро ягон рўзи дигар хабар мегирем, вале кампирро хабар гирифтан шарт.
– Ман имрўз рафта наметавонам, рўзи душанберо худат медонӣ–ку рўзи вазнинтарини ҳафта аст.
– Аз куҷо донам, маро байни ин чор девори бетонӣ нигоҳ доштан гиред, ҳамаро аз ёд мебарорам.
– Хона ин коргаҳи зан аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё