АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Дар интиҳо се хабаркаш, ки он солҳо бо номи “Тройка” машҳур буданд аз болои Алӣ Камолиддинов маълумот навиштанд. Моҳи январи соли 1937 ду нафар кормандони НКВД ва ду нафар косалесони онҳо аз аҳолии таҳҷоӣ шабона ба хонаи онҳо зада даромаданд ва падари ўро ҳамчун душмани халқ ба ҳабс гирифтанд. Он солҳо ў ҳаштсола буд ва хоҳараш Назокат шашсола.
Модар ҷомаи нимдошти шавҳарро ба дасташ доданӣ шуд, то ки каме ҳам бошад аз сармои қаҳратун амон ёбад, вале яке аз ҳамон низомипўшон ба ин кор монеъ шуд. Ў талаб кард то Алӣ Камолиддинов ба номи офаридгораш шак набиёрад ва то китоби Муқаддасро инкор накунад, ҳамин хел таги курта меистад.
Агар ў ғайридин мешуд дигар гап буд, вале ў низ мусулмон буд ва бо мусулмонони дигар чунин ҷазоро раво дид.
Ҳарчанд сармои қаҳратун буд, вале касе ба падараш раҳм накард. Касе аз он нафароне, ки номашонро базўр менавиштанд, вале аз ҳавои “озоди инқилоб” худро гум карда, гумроҳ шуда буданд, саводи ўро ба инобат нагирифтанд. Баръакс ўро масхара карда механдиданд.
– Канӣ худоятон? – мегуфтанд онҳо. Чаро ба мададатон намеояд?
Аслан мақсади онҳо дигар буд, мехостанд рўҳи ўро шикананду дар назди мардум ўро шарманда созанд ва гўянд, бубинед онеро ки дар Бухоро хонда муддати зиёде ба мардум дарс гуфтааст, акнун аз дини хеш гашт, яъне динро афюни халқ номид.
Падар таги ҳамон куртаи тунук то ҳанўз дар саҳни ҳавлӣ дарақ–дарақ меларзид...
– Агар аз динат гардӣ мо дар ҳамин ҷо туро озод мекунем, ҳарчанд гуноҳат калон аст, – гуфт афсари НКВД.
– Беҳуда худро азоб надиҳед, дини ман ҳақ аст, чунки Худои таъоло якаву ягона аст ва Муҳаммад саллалоҳи ва оли ва салам паёмбари ўст.
– Мо гуфтем, ана ҳамсару фарзандонатон шоҳид, ки он чӣ аз дасти мо меомад кардем, вале афсўс ки шумо нафаҳмидед. Ё гумон доред, ки мисли таълимоти Ислом пас аз мурдан зинда гардонидан ҳақ аст, шояд баъди аз он дунё баргаштанатон бо мо ҳисобӣ намоед, – қоҳ–қоҳ хандида гуфт як низомипўши дигар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё