АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

– Ба Шумо мардҳо осон, куҷое хоҳед рафтан мегиред, вале мо бе рухсати Шумо ҳатто ба хонаи модарамон ҳам рафта наметавонем.
– Майлат, имрўз худатон равед, чун имконият шуд, ягон рўзи дигар якҷоя меравем.
Нигор пас аз гусели шавҳар ва ба боғча бурдани Фирўз ба хонаи модараш раҳсипор гашт. Сари роҳ аз назди телефон автомат гузашта ба Расул занг зад. “Агар Расул розӣ шавад бори охирин аз хонаи Хумор истифода бурдан лозим. Ба хонаи очам бошад бегоҳӣ ҳам сари қадам рафтан мумкин”– аз дил гузаронид ў ва бо ин мақсад ду бор занг заду Расул ҳатто ба ў имконияти сухан гуфтан надод. “Шояд ў аз ман канорҷўйӣ мекунад” – гуфт ба худ ва аз назди телефон автомат дур шуд.
Тамоми руз дар хонаи модар истод, вале лаҳзае Расул аз пеши назараш дур нагашт.
Бегоҳӣ ба хона баргашта, боз нияти ба Расул занг задан намуд, вале дар лаҳзаи охир ғурураш баландӣ карду аз раъяш гашт..
Суҳбати имрўза бо Сорбони Ҳомид захми дили Ҳаёт Алиевичро аз нав тоза кард...
Падараш Алӣ Камолиддинов муддариси яке аз мактабҳои диннии Бухоро буд ва баъди инқилоби Октябр ў ба Ҳисор кўчида омада ба корҳои деҳқонӣ шуғл варзид. Азбаски босавод буд, мардум бо ҳар гуна суолҳо ба наздаш меомаданд ва то андозае, ки метавонист онҳоро даст мегирифт. Ў борҳо дар ҷамъомадҳо ба мардум фаҳмонда медод, ки эҳтироми ҳамдигарро пос доранд, якдигарро наранҷонанд ва аз Парвардигори хеш фаромўш насозанд. Ба фарзандони онҳое ки нияти аз хатти ниёгон огоҳ шудан мехостанд пинҳонӣ дарс мегуфт. Вале ин сирри ў ҳам аз назари кормандони НКВД1 ки аз нўги кордашон хун мерехт, пинҳон намонд. Кадом худонотарсе ҳамаи суханони Алӣ Камолиддиновро нарезондаю начаконда ба гўши ҳомиёни тартибот бурда расонидааст. Албатта НКВД ҳам яку якбора касеро ба ҳабс нагирифтааст ва хабаркашҳои хешро
1НКВД – комиссарияти халқӣ корҳои дохилӣ (милиса) супориш додааст, ки ҳар қадами “муллоро” ба зери назорати қатъӣ гиранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё