АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Охир дар рўзи ҷанозаи Боқиев ҳамаи онҳое, ки имрўз ҳамроҳашон суҳбат кард иштирок намуда, оби чашм рехтанд. Бино бар ин ў метавонад, ки ба чунин шахсоне, ки дар рўзи сахт ҳамдарди хонаводаи Боқиев буданд, бовар накунад.
Агар дар ҳақиқат қотил дар ҳамин бино бошад ў мисли гургест, ки бо ҷомаи меш ба хонаи Боқиев рафтааст...
Милисаи имрўза дар синну сол ба писараш Аҳрор монанд буд ва оё ў ҳуқуқ дорад, ки фикри чунин ҷавони бетаҷрибаро ба инобат гирад? Сари ин масъала фикр кард, вале ба хулосае омада натавонист...
Рўзе агар ғаме расадат тангдил мабош,
Рав шукр кун, мабод, ки аз бад бадтар шавад.
Ситора даъватномаи аз милиса омадаро гирифта, дарду аламаш дучанд шуд. Баъди марги бародар қариб девона шуда буд. Насиҳатҳои шавҳар ҳам ҳеҷ, ба дилаш даво нашуд. Охир то кунун касе ёд надорад, ки сари зиндаро дар паҳлўи мурда бурда монда бошанд, ўро ором карданӣ мешуд шавҳар, вале ҳамаи ин гапҳо чун боде аз як гўшаш даромада аз дигараш баромада мерафтанд. Ситора ҳеҷ ба тақдир тан доданӣ набуд…
Рўзе мўйсафеди нуроние ҳамроҳи Давлат ба хона омад, ўро Нуриддин ном буда, падари ҳамхизмати Давлат Фатҳуддин будааст.
Онҳо ба ҷону ҳоли мўйсафед намонда, шаб ўро нигоҳ доштанд ва ҳамсояҳоро ҷеғ зада иззати меҳмонро ба ҷо оварданд.
Чун ҳама рафтанд Ситораю шавҳараш ҳамроҳи мўйсафед боз хело суҳбат намуданд. Чун мўйсафед аз ҳодисаи ба сари Ситора омада огоҳ гашт аз абёти Ҳофизи бузург қироат намуд. Баъди ин Ситора ба ҷуз шукургузорӣ дигар чӣ коре ҳам карда метавонист.
Рав шукр кун, мабод, ки аз бад бадтар шавад, суханони мўйсафедро ҳамарўза ба ёд меоварад Ситора. Аз он вақт ҳамагӣ се моҳ гузашта ва боз ин ҳодиса, вале чӣ илоҷ бандаи худо чӣ метавонад кунад. Замин сахту осмон баланд. Ба ҷуз сабр, ки ба бандагони Худо аз ҳазрати Айюб мерос монда ва шукри офаридгорро ки ба ҳама кор қодир аст, чӣ ҳам метавон кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё