АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Рўзи 1 – уми август соати 10 Ситора Боқиева ба милиса омад. Аслан ўро Қурбонзода ҷеғ зада буд, вале нозири минтақавӣ даъватномаро аз номи Сорбони Ҳомид, ки дирўз бегоҳӣ занг зада ҳамин хоҳишро намуд, навишта ба хонаи Боқиев бурда супорид .
– Марҳамат гузашта шинед, – гуфт соҳиби утоқ ва баъди ҳолпурсӣ ба Қурбонзода занг зада дар бораи омадани Боқиева хабар дод.
– Ҳозир муфаттиш меояд.
– Ман сабр мекунам, шояд то омадани он кас дар берун истам.
– Не, чаро? Ҳамин ҷо нишастан гиред, – гуфт соҳиби утоқ.
Ситора дафтари хотироти хешро варақгардон намуд. Дар синфи даҳ мехонд. Ба мактаб ду таҷрибаомўзи ҷавон омад. Яке аз онҳо Давлат Боқиев буд. Ҷавони зебо ва қоматбаланде буд.
Мўйи сари ҷингила дошт. Ў ба зебои хеш нигоҳ накарда, бисёр бачаи шармгин буд. Эҳтимол чандин духтарон ҳавасашро мехўрданд, вале ў ба ҳама чун ба шогирд муомила мекард, ҳарчанд худ шогирд буд. Ҳамроҳаш бошад баръакс бачаи шўх ва булҳавасе буд, дар давоми се моҳи таҷрибаомўзӣ бо чанд духтар изҳори муҳаббат намуда, рози дил гуфта ва рўзе сирраш фош шуд ва духтарон ҳама аз Ғанӣ (ҷавони ҳамроҳи Давлатро чунин ном буд) рўй гардонданд. Хислату характери Давлат на танҳо ба талабагон, балки ба худи муаллимон ҳам хўш омада буд ва директори мактаб мехост, ки баъди анҷоми донишгоҳ, ўро ба мактаби худашон ба кор гирад. Ниҳоят давраи таҷрибаомўзӣ ба анҷом расиду он ду ҷавон боз ба донишгоҳашон рафтанд.
Тахминан панҷ моҳ пас, пеш аз хатми мактаби миёна як бегоҳӣ директори мактаб Мискинов ҳамроҳи ду марди ношинос дар хонаи онҳо меҳмон шуданд. Ситора аз таги гап бехабар ба назди меҳмонҳо дастурхон бурд ва онҳоро хайра мақдам гуфт. Сипас додарчааш Қамарро ба назди модараш фиристонд, то ки аз хонаи аммааш, ки дар ҳамон деҳа зиндагӣ дошту каме бетоб шуда буд, баргардад. То омадани модар ў боз чандин маротиба ба меҳмонхона даромада чой бурд ва барои дер омадани модараш узр пурсид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё