АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

– Дирўз дар утоқи кории ман машварат буд. Олимони зиёде ҷамъ омада буданд ва ман рости гап чӣ гуфтанамро надонистам. Охир онҳо чӣ гумон мекарданд.
– Ман бошам мехостам шуморо аз рафти воқеаҳо каме шинос созам.
– Чӣ ягон навигарӣ ҳаст.
– Не, онҳо дигар маро ҳам суроғ накарданд. Эҳтимол омадани Хуморро интизоранд, мехоҳанд ҳама коро аниқ намуда яку якбора ба ҳуҷум гузаранд.
– Фикрҳои бе асосро аз сарат дур кун.
– Ман ҳайронам, ки чаро дишаб фишори хунат баланд шуд, боз мегўйӣ, ки фикрҳои бе асосро аз сар дур кунам. Пас ба худат чӣ ҳодиса рух дод ё шуморо ҳам ҷеғ зада буданд?
– Чаро маро ҷеғ мезаданд?
– Охир, ман аз куҷо донам, онҳо касеро хоҳанд ҷеғ заданд мегиранд рафту шуморо ҳам …
– Не, маро ҳеҷ кас ҷеғ назадааст. Хайр ҷонам, то вохўрӣ дар рўзи панҷшанбе.
– Хайр сайёди ман, сайд ҳамеша интизори шумост, – гўён Нигор гўшакро ба ҷояш гузошт.
«Хайрият то кунун касе аз ман гумонбар нест» – аз дил гузаронд Муллоев гўшакро ба ҷояш монд…
Баъди бист дақиқа матни гуфтугўйи телефонии зани ношинос бо Муллоев болои мизи кории муфаттиш Қурбонзода меистод.
– Ин Сорбони Ҳомид ҳам бало, – аз дил гузаронд муфаттиш ва ба милиса занг зада хоҳиш кард, ки лейтенанти калони милиса Сорбони Ҳомидро ба наздаш фиристанд.
Албатта, Соиб Сулаймонов ҳам хурсанд мешидагист.
Шояд то омадани Сорбони Ҳомид прокурорро аз рафти воқаҳо огоҳ намоям. Вале аз ин гуфтугўйи рамзӣ қариб, ки чизе фаҳмида намешавад. Охир каманд чунин вохўриҳои маҳрамона. Фақат як чизе ки боиси таваҷҷўҳи мо шуда метавонад, ин пайвастагии хонаи хоҳари Бурҳонова бо Пажўҳишгоҳи илмист ва маҳз ҳамин риштаро корманди Пажўҳишгоҳ, ки иштирокчии озмун будааст, пайваст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё