Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳарчанд роҳбари Пажўҳишгоҳ суханро хело кашола кард, вале барои фарзанди одам ҳаминаш басанда аст, ки аз мақсади мусоҳибаш огоҳ шавад. Ў фаҳмид, ки Камолиддинов ҳам сабабҳои марги Боқиевро ҷустуҷў дорад..
Акнун, ки ҳама форс – мажор1 шуда буд, тавбаю надомат ҳам суде надошт. Ноомади кори бинед, ки дар вақти суҳбати ў бо милиса Нигор ду бор занг зад. Албатта, одам робот нест ва новобаста ба хоҳишаш майна ҳамаи ҳолатҳои зиндагиро дарк мекунад ва шахсро ба андеша маҷбур месозад. Баъзан дили одам на танҳо қобилияти шунидани ҳодисаи бадро, балки ҳодисаи некро ҳам надорад. Ҳарчанд худи ў надидааст, вале мардум мегўяд, ки аксари одамон аз сухани нек ҳам гўё шодимарг мешаванд.
Ва ин шаб ҳам боз фишори хунаш баланд шуд. Рухшона духтур ҷеғ зад ва ба ў сўзандору гузаронд. Сари субҳ худро беҳтар ҳис карду ба нею нестони ҳамсар гўш надода ба кор омад. Азбаски ин даъфа бо нақлиёти шаҳрӣ омад, каме ба кор дер монд ва аз беруни дар садои занги телефонро шунида саросемавор дарро кушода ба тарафи телефон давида гўшакро бардошта овози Нигорро шунид.
– Гўш мекунам.
Ва Нигор, он оҳубараи зебояш гап заду гап зад…
– Не дишаб фишори хунам баланд шуд. Имрўз дар нақлиёти шаҳрӣ омадам.
– Афсўс.
– Чаро афсўс мехўрӣ, ҷонам?
– Чунки бо нақлиёти шаҳрӣ омадӣ.
– Агар бо аробаи худам меомадам чӣ?
– Дар он сурат ҳардуямон ба ягон гўшаи хилват мерафтем.
– Фардо равем– чӣ ?
– Имрўз Хумор меояд. Фардо ба гумон аст, ки ман вақт ёбам, вале агар хоҳӣ пас фардо, рўзи панҷшанбе соати 10 – 00 дақиқа дар ҳамон истгоҳ туро интизор мешавам. Исто ки чаро дирўз ду маротиба ман телефон кардам, шумо гўшакро ба ҷояш гузоштед?

  1. Форс – мажор – ҳодисае, ки дигар пешгирӣ карданаш мумкин нест.
пешина
аз 408
навбатӣ