Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Охир ин зиндагист ва ба сари бандаи одам ҳар кор омаданаш мумкин. Пас ў чаро намедонистааст? Одами боақл чунин тарафҳои зиндагиро бояд андеша намояд. Не, худи ҳамин рўз Хумор ба ҳамааш нуқта мегузорад. Бо гапи милисаҳо шуда қариб ман аз Расул гумонбар шудам …
Вохўрӣ ки барпо нагашт ў боз ба хона омад ва омадани мошини хизматии шавҳарро интизор гашт. Ронандаи шавҳараш, ки аз хешовандони наздики худи Зариф аст ба ў маъқул нест. Ҳамеша қошу қавоқаш овезон, кас гумон мекунад, ки бо мусоҳибаш ҷангист. Зариф бошад ўро ҳамеша таърифу тавсиф мекунад, ки дар тарбияи фарзандон Карим ниҳоят сахтгир аст.
Шояд бо ин суханонаш баъзан маро шунавонад, ки агар падарат чун Карим мебуд, дар вақташ ўро бадном намекардӣ.
– Хайр, падарам маро ба даст гирифта натавонист, шумо агар ақл медоштед магар маро ба курорт мебурдед? Чаро аз Карим, ки аз як авлодед ибрат нагирифтед? Ё шояд аввал Карим ҳамроҳи занаш ба курорт рафт. Бо моҳ шиштеду чаро моҳ нашудед? …
Агар ҳамаи корҳо ба некӣ анҷоманд ман худам шуморо тарк мекунам, чунки дар як дили хурд ду муҳаббатро ҷо карда наметавонам ва дар он танҳо барои Расул, оне ки ба зиндагии ман ранг ва таровати тоза бахшид ҷой ҳаст.
Ў назди оинаи барқад рафта, ба симои хеш назар кард.
Тахминан чанд рўз пеш ба симои худ ва Расул дар оина ҳамин хел назар намуда буд. Вале ин субҳ дар оина симои хешро танҳо дид. Оҳ, чӣ қадар ў мехост, ки лаҳзае дар миёни бозувони пурқуввати Расул бошад. Бигзор гуноҳ шавад, вале аз чунин гуноҳи пур аз лаззат кӣ рўй гардондааст?
– Эҳ, Расул, Расул, – бо симои дар оина будаи хеш рози дил гуфт ў: – Чаро ба вохўрии имрўза, ки ман онро мехостам розӣ нашудӣ? Чаро?
Ман аз он ҳайронам, ки агар сухани шуморо ба замин мемондам, қариб ҷойи нишаст намеёфтед, мисли моргазида печутоб мехўрдед, вале чун навбат ба мо расид …
Нигор мўйҳои марғулаи хешро ки дар қафои сараш тоб дода буд, кушод. Он дар як замон тахтапўшт ва сари китфонашро пўшонд. Як ҳафта пеш ў дар оинаи нилгун, дар барномаи «Сам себе режиссер» расми ба навор гирифтаи духтарчаи ҳаштсолаеро дид, ки аз мўйҳои то замин хамидааш барояш курта дўхта буданд ва суханони он духтарчаи зебо: – «Ман барои дар ин барнома иштирок кардан ҳашт сол тайёрӣ дидам» дар гўшаш садо доданд.

пешина
аз 408
навбатӣ