АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Умуман аз он чӣ ки то имрўз ў ҳифз намуд, ҳамин мўйҳои зебояш ҳастанд. Баъзан ў нўги мўйҳояшро қайчӣ мезанад, вагарна ба замин ҳам мерасиданд.
То кунун гумон дошт, ки фақат шарқиён чунин мўи дароз доранд, вале он духтараки русро диду қоил шуд. Ва он рўз Расул низ мўи ўро бо шеър таъриф кард ва аҷиб, ки ақлашро аз мўйҳои дарозаш бештар ситоиш намуд …
– Эй Расул, охир ман ин субҳ ҳатто бўсаи хешро аз шавҳар, аз оне ки ба гуфти мардум моли ҳақу ҳалол аст, дареғ доштам, то ки онро ба шумо бахшам … Оҳ чӣ қадар ман фарорасии рўзи панҷшанбе ва вохўрӣ бо шуморо хоҳонам. Ҳарчанд мо ба он гўшаи хилват, «ба авҷи осмон» рафта наметавонем, вале боке нест. Дар куҷое вохўрем аввалин шуда ман ба «ҳуҷум»
мегузарам ва ба он бўсае, ки баҳрат чун ҳиссаат ҳифз намудаам, лабҳои бўсахоҳатро хуншор ҳоҳам кард …
Сорбони Ҳомид ба милиса омаду ба дасташ барқияеро доданд, ки аз фавти холааш Пайкармоҳ хабар медод. Ў барқияро хонда дар чашмонаш ашк ҳалқа зад ва худро бо азобе ба даст гирифта ба утоқи кориаш рафт. Симои холааш Пайкармоҳро, ки ба модараш чун себи дукафон монанд буд, пеши назар овард. Тақдирро бин ки модари ўро ба як гўша ва холаашро ба дигар гўшаи Тоҷикистон партофтааст. Афсўс, ки на ў ва на модараш дар лаҳзаи охир холаашро дида натавонистанд. Дар лаҳзаи охир –ку он тараф истад, ў чанд сол боз ва модараш ду сол боз ба аёдати холааш нарафтаанд.
Холааш Пайкармоҳ нишонаи охирини авлоди модараш буд, ҳарчанд ўро писару наберагони зиёде ҳаст. Чанд сол қабл тағояш Шоҳхўҷаи Амир ҳам бандагӣ карду модараш бинобар вазъи сиёсии мамлакат ба ҷанозаи бародар рафта натавонист, чунки холаю тағояш ба қавли суханони он вақта шомили маҳалаи «юрчикнишин» буданду модараш шомили маҳалаи «вовчикнишин».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё