ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Пас аз фарёди тӯфон бишкуфад гулҳо.
Ҳамеша мунтазир ҳастам:
Зи як сайёра пайке бар замин ояд,
Даре бар як ҷаҳони тоза бигшояд.
Ҳамеша мунтазир ҳастам:
Ки болотар равад фавораи уммед,
Намедонам, шумо ҳам мисли ман ҳастед?
МАН КУҶО ПАЙДО КУНАМ ГУМГАШТААМРО?
Ман куҷо пайдо кунам гумгаштаамро?
Лобалои он дарахти пистаи ваҳшӣ,
Ё паси анбӯҳи ҷангалҳои танҳо,
Дар пари сабзи қабо,
Ё дар суруди обшорони баҳорӣ?
Ман куҷо пайдо кунам гумгаштаамро?
Дар ғиреви тираи дарёи шаб,
Ё дар хурӯши ваҳшии оташфишонҳо,
Дар фурӯғи ахтарон,
Ё дар сукути каҳкашонҳо.
Дар ҳазорон соли нуре,
Ё ки дар солони бенури фирорӣ?
Ман куҷо пайдо кунам гумгаштаамро?
Дар нигоҳи пурнишоти кӯдакон,
Ё дар ғами пинҳони пирон,
Дар паноҳи сангари озодагон,
Дар шикебоии пурхашми асирон,
Дар талоши раҳгушои корвонҳо,
Ё ки дар пирӯзии уммедворӣ?
ИН ҲАМА ГУЛ БИШКУФАД
Рӯзҳоро мешуморам,
Моҳҳо ва солҳоро мешуморам,
Вақти кам мондасту бисёр аст корам.
Чашм дар роҳи мананд он сарзаминҳои надида:
Сарзаминҳои фарохи офтобӣ,
Даштҳои пургули ваҳшию дарёҳои ҷӯшон,
Шаҳрҳо - ойинаҳои ранҷи сомонсози инсон,
Корвонҳои пур аз ҷаҳду такопӯ.
Эй кабӯтарҳои чоҳӣ,
Эй насими субҳгоҳӣ,
Кош мешуд бар паранди болу парҳотон нишинам,
То бигардам дар ҷаҳон.
То лолаи Хуршедро
Аз дашти Нилуфар бичинам.
Ин ҳама навзоди зебо,
Рўзу шаб ояд ба дунё.
Ин ҳама гул бишкуфад ҳар субҳи равшан,
Ҳайф бошад ман набинам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё