Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ҚАВИЗАХМЕ

Офтоб афтода бар дарёчаи ороми обӣ,
Базмгоҳи рақси ҷодуии қуҳо,
Қуи симин,
Дур шуд аз дигарон дар ҷустуҷӯҳо,
Навҷавон аз хонааш бошад гурезон,
Дар ҳавои орзуҳо.
Қуи барфӣ болу пар густурду рақсон рафт боло,
Бар фарози дашту саҳро.

Ногаҳон аз ғуррише шуд доғу ларзон пайкари ӯ,
Суст шуд болу пари ӯ.
Дид он қуи ҷавон як офати ҳаргиз надида,
Тира шуд як дам ҷаҳонаш пеши дида,
Чора бояд кард то ёбад раҳоӣ.
Метавонист ӯ фишор орад ба боли захмии худ,
Дуртар парвоз гирад.
Он сӯйи саҳро биосояд даме дар сабзазорон,
То магар нерӯи рафта боз гирад,
Лек ёронро чӣ мешуд?
Бар лаби дарёча сайёд истода,
Он ҳама қуи ғазалхонро чӣ мешуд?
Лаҳзае рӯи ҳаво қу болу пар зад,
Хешро андохт дар дарёчаву бонги хатар зад.
Бо забони қуии худ гуфт:
Сайёд аст ин ҷо!

З-ин садо қуҳо париданд,
Сояҳошон дур шуд кам-кам зи болои дарахтон.

Қуи захмӣ монд дар дарёча танҳо,
Бӯса зад бар обҳо - бар зодгоҳаш.
Дид мавҷе зери болаш лолагун шуд,
Синааш дарёи хун шуд,
Аз сари як мавҷи дигар рафт боло.
Бодбони болҳош афтод пойин,
Қоиқи нарми булӯраш сарнагун шуд,
Хилвати дарёча монду қуи мурда.

Он чунон сайёд шуд ошуфтаву танҳо,
Ки гӯӣ,
Ҷои қу,
Ӯ тир хӯрда.

МАН ҚАНОРӢ НЕСТАМ

Ман қанорӣ нестам, то дар чаман хонам тарона,
Аз чӣ мехоҳӣ зи ман шеъри латифи ошиқона?

Вожа месӯзад зи шеърам,
Ман суруди хашмноки осиёнам,
Оташам,
Оташфишонам.

пешина
аз 263
навбатӣ