Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Нестам аз сарнавишти Меҳанам, як лаҳза ғофил,
Гарчи дурам,
Шоири даврони душвори убурам,
Шоири насле, ки ҷангад бо ситамкорию хорӣ.

Гар садоям раҳ наёбад бар диле,
Пиндори лолам.
Бо ҳазорон чашм мебинам ҷаҳонро,
То напиндорӣ, ки кӯрам.

Шоири душвори даврони убурам,
Шоҳиди асре, ки нав гардад замона.

ШОД БУДАН ҲУНАР АСТ

Бишкуфад бори дигар лолаи рангини мурод,
Ғунчаи сурхи фурӯбастаи дил боз шавад.
Ман нагӯям, ки баҳоре, ки гузашт, ояд боз,
Рӯзгоре, ки ба сар омада, оғоз шавад.
Рӯзгори дигаре ҳасту баҳорони дигар.

Шод будан ҳунар аст,
Шод кардан ҳунаре волотар,
Лек ҳаргиз написандем ба хеш,
Ки чу як шаклаки бе ҷон шабу рӯз,
Бе хабар аз ҳама хандон бошем.
Беғамӣ айби бузургест,
Ки дур аз мо бод!

Кошкӣ оинае буд дарунбин, ки дар ӯ,
Хешро медидем,
Он чӣ пинҳон бувад аз оинаҳо медидем.
Мешудем огаҳ аз он нерӯи покизаниҳод,
Ки ба мо зистан омӯзаду ҷовид шудан,
Пайки пирӯзиву умед шудан.

Шод будан ҳунар аст,
Гар ба шодии ту дилҳои дигар бошад шод .
Зиндагӣ саҳнаи яктои ҳунармандии мост,
Ҳар касе нағмаи худ хонаду аз саҳна равад,
Саҳна пайваста ба ҷост,
Хуррам он нағма, ки мардум бисипоранд ба ёд...

КИШТИИ КАБУД

Эй киштии кабуди чароғонӣ,
Дар дурдасти нимаи шаби дарё,
Оё ту раҳсипори куҷо ҳастӣ?
Чандин ҳазор соли пур аз ғавғо,
Бар сахраҳои соҳили саргардон,
Ман истода мунтазират ҳастам.
Чандини ҳазор сол дигар ин ҷо,
Чашминтизори роҳи ту хоҳам буд.

пешина
аз 263
навбатӣ