ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Шудам хаста,
Вале ҷон ҳамчунон шайдои парвоз аст.
Навозиш кун маро оҳиста - оҳиста,
Ки аз ту болу пар гирам,
Ки боз омода бархезам
Ва чун боғи баҳорон зиндагониро зи сар гирам,
Ки роҳи нестӣ - бекора хуфтанҳост
Ва ҳастӣ дар шукуфтанҳост.
ДАР ҶАНГАЛИ САБЗИ ЗИМИСТОН
Дар ҷангали коҷи зумуррад,
Дар ҷангали сабзи зимистон,
Мурғони рангини хушоҳанг,
Пиндоштанд омад баҳорон.
Чун қасри афсона аст ин ҷо ҳар дарахте,
Дар зери меҳ гоҳе ниҳон, гоҳе падид аст.
Ҷангал зи барфи нуқрагун,
Дарёчаи қавии сапед аст,
Ё обшори кӯҳсорон?
Дар ҷангали коҷи зумуррад,
Ором ҳар сӯ раҳсипорам,
Аз покии сарди ҳаво
В-аз атри тунди коҷҳо,
Сармасту мастам.
Як дам наандешам ба дирӯзу ба фардо,
Бехуд зи худ имрӯз ҳастам,
Ҳарчанд донам беғамӣ
Созиш надорад
Бо беқаророн.
АНГУШТҲО
Даҳ дар шавад кушода, агар баста шуд даре,
Ангушт тарҷумони забон аст лолро.
Соиби Табрезӣ
Ангуштҳо чу шохи дарахтонанд,
Дорои баргу бори фаровонанд.
Он даҳ дари кушода, ки Соиб гуфт,
Ангуштҳои моҳири инсонанд.
Ангуштҳои нағманавозе, ки
Афсун кунанд рӯҳи худоёнро,
Дунёи рангро ба ҳам омезанд,
Сад ҷон диҳанд сафҳаи беҷонро.
Резанд рӯйи дафтари ҷовидон,
Андешаҳои олии инсонро.
Ангуштҳои модари ҳастисоз,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё