ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Китоби умр саросар ба ёди ӯ омад,
Ки буд ҳар варақаш саргузашти як кӯдак.
Пизишк донаду модар чӣ розҳои бузург,
Ки дар табиати ҳар кӯдаке ниҳон бошад,
Ҷаҳони кӯдаки кӯчак чӣ бекарон бошад,
Ҳақиқатест, ки ҳар тифл як ҷаҳон бошад.
Ба ханда марди ҷавон гуфт:
Пизишки кӯдакиам, эй фариштаи бебол,
Шумо зи лутф нигаҳбони кӯдакам бошед,
Падар шудам имсол.
МЕХАНДИД
Шаби шавқовари баҳорон буд,
Осмон софу Моҳ механдид.
Он дарахти ҷавони зардолу
Пой то сар шукуфаборон буд,
Чашми сабзи гиёҳ механдид.
Пирамарде рухаш чу оташи сурх,
Дар хаму печи роҳ механдид.
Хандааш мавҷ мезаду мерехт,
Рӯйи риши чу обшори сапед.
Ханда дар кӯдакӣ фаровон аст,
Дар ҷавонӣ чӣ ханда арзон аст.
Сояи ханда бо гузашти ҷаҳон,
Камтар афтад ба чеҳраи инсон.
Он шаб он пирамард монанди
Кӯдаки бегуноҳ механдид.
Ӯ ба ёди ҷавонии дураш,
Ё ба кӯтоҳии фасонаи умр,
Ба дарози роҳи бепоён,
Ё ба поёни роҳ механдид.
Рафтаму то кунун намедонам,
Хандаи пирамард баҳри чӣ буд,
Он шабонгаҳ, ки Моҳ механдид?
ИҶОЗА БИДИҲЕД ОШНО ШАВЕМ
Дар оғӯши Сифоҳон
Шаҳри зебои ҳунармандон,
Намедонам чӣ рӯзе дар чӣ соле буд,
Ба дунё омад он навзод,
Садое гуфт бо фарёд:
«Ман духтар намехоҳам,
Гузоредаш ба зери ташт».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё